ҚОНУНИ АВФ БОЗ ЯК ИМКОНИЯТИ ДИГАР БАРОИ СОХТАНИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

Маълум аст, ки дар ҳар як ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд. Яке аз чунин тадбирҳои муҳим қабули қонунҳои авф мебошад. Қонуни авф на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки нишонаи инсондӯстӣ, бахшандагӣ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат нисбат ба тақдири шаҳрвандон мебошад. Он ба шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, имконият медиҳад, ки хатои худро ислоҳ намуда, ба ҳаёти муқаррарӣ ва осоишта баргарданд.
Бояд ташреҳ дода, ки авф амали ҳуқуқие мебошад, ки дар асоси он Роҳбари давлат нисбат ба гурӯҳи муайяни шахсони маҳкумшуда сабукӣ татбиқ намуда, онҳоро пурра ё қисман аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз адои ҷазо озод мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои авф бо ташаббуси Роҳбари муаззами давлат ва бо мақсади таҳкими арзишҳои инсонпарварона қабул карда мешаванд.
Моҳияти асосии авф дар он аст, ки шахс ба хатои худ баҳои дуруст дода, имкони дубора оғоз намудани зиндагиро пайдо кунад. Ин амал ба таҳкими адолати иҷтимоӣ, коҳиш додани шумораи маҳбусон ва мусоидат ба мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа мусоидат менамояд.
Қонуни авф ҳамчун як падидаи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат, ба шаҳрвандон боварӣ мебахшад, ки давлат на танҳо ҷазо медиҳад, балки барои ислоҳ ва бозгашти онҳо ба зиндагии шоиста низ шароит фароҳам меорад.
Зикр намудан лозим аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои бузурги шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва барқарор гардидани сулҳ, роҳбарияти кишвар барои таҳкими оштӣ ва ваҳдати миллӣ тадбирҳои гуногунро амалӣ намуд. Дар ин раванд қонунҳои авф нақши муҳим бозиданд.
Авф ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои гуногун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, имконият медиҳад, ки дубора ба оила ва ҷомеа баргарданд. Ин раванд ба паст шудани сатҳи душманӣ, баланд гардидани ҳисси бахшандагӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Ҷомеае, ки дар он принсипҳои инсондӯстӣ ва бахшандагӣ ҳукмфармо бошад, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи устувор пайдо мегардад. Аз ин рӯ, Қонуни авф яке аз воситаҳои муҳими таҳкими зиндагии осоишта ва ҳамзистии мусолиматомез ба шумор меравад.
Яке аз ҳадафҳои асосии ҷазо ислоҳи шахси гунаҳкор мебошад. Бо вуҷуди ин, баъзан маҳрум сохтан аз озодӣ барои муддати дароз метавонад ба равони инсон ва муносибатҳои иҷтимоии ӯ таъсири манфӣ расонад. Қонуни авф ба чунин шахсон имконият медиҳад, ки пас аз дарки хатои худ ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.
Баъди озод шудан, шахс метавонад фаъолияти меҳнатиро оғоз намуда, дар тарбияи фарзандон саҳм гузорад ва узви фаъоли ҷомеа гардад. Инчунин, дастгирии оила ва ҷомеа барои мутобиқшавии иҷтимоии онҳо аҳамияти калон дорад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки бисёр шахсоне, ки бо авф озод шудаанд, минбаъд зиндагии шоистаро пеш гирифта, ба рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ин ҳолат бори дигар собит менамояд, ки бахшандагӣ ва эътимод метавонад воситаи муассири тарбияи инсон бошад.
Сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзишҳои инсонпарварӣ асос ёфтааст. Қабули қонунҳои авф далели равшани он аст, ки давлат нисбат ба шаҳрвандони худ ғамхорӣ зоҳир намуда, барои ислоҳи онҳо имконият фароҳам меорад.
Махсусан, нисбат ба занон, ноболиғон, пиронсолон, маъюбон ва шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд, татбиқи авф аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад. Ин иқдом ба ҳифзи оилаҳо, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва тақвияти арзишҳои ахлоқӣ мусоидат менамояд.
Дар интиҳо ин нуктаро бояд таъкид сохт, ки Қонуни Авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз зуҳуроти муҳими сиёсати инсонпарварона ва ҳуқуқбунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Он ба шахсони гунаҳкор имконияти ислоҳи хатогиҳо, бозгашт ба зиндагии осоишта ва иштирок дар ҳаёти ҷомеаро фароҳам меорад. Авф на танҳо воситаи ҳуқуқӣ, балки рамзи бахшандагӣ, меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нисбат ба инсон аст.
Дар шароити имрӯза, ки таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дорад, Қонуни авф ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи ҷомеа хизмат мекунад.
Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки Қонуни Авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан боз як имконияти муҳим барои сохтани зиндагии осоишта, таҳкими адолат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ғаффоров Хушрӯз
Муслимзода Хайём
омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон