Имрӯз, дар толори хурди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва омӯзгорону кормандон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони Соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба эълон гардидани Соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, роҷеъ ба ободониву созандагӣ таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳанги миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ибрози андеша намуд.
Сипас, дар семинари имрӯза, муовини декани факултети электромеханика оид ба илм Холова Фахринисо дар мавзуи “Нақши асари безаволи”Шоҳнома”- и Фирдавсӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ”, Ҳомидова М.И. дотсент кафедраи таъминоти барқ дар мавзуи “Аҳамияти иқтисодии коҳиши талафоти неруи барқ дар инфрасохтори электроэнергетикии минтақавӣ” ва ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Ҷӯраев Некрӯз дар мавзуи
“Нақши фалсафа дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои инсонӣ” маъруза намуданд.
Дар ҷараёни баргузории семинар баҳсу баррасиҳо сурат гирифта, масъалаҳои созанда ироа гардид.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси факултети электромеханика баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот

