Ироа гардидани Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа дар фарҳанги давлатдории тоҷикон ба як ҷузъи таркибӣ ва басо муҳим табдил ёфтааст ва дар иҷрои корҳои созанда, рушди соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, илму маориф, тандурустиву муносибатҳои байналмилалӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамеша ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, дастгирии омӯзгорон ва тақвияти инфрасохтори таълимӣ ва рушди соҳаи илму маориф диққати махсус зоҳир мегардад.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ рӯ овардан ба илму маориф яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми хеш вазъи соҳаи илму маорифро мавриди таҳлил қарор дода, дар ин росто, бо мақсади боз ҳам рушди соҳа ба масъулон иҷрои дастуру супоришҳои мушаххасро вазифадор менамоянд.
Дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат соҳаи илму маорифро як самти асосӣ ва стратегӣ дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ намуданд.
Бояд возеҳу равшан қайд намуд, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ибтикори созандаву иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифи Тоҷикистон бо суръати тамом рӯ ба инкишоф ниҳод.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои дар паёмҳои пешина иброздоштаашонро тақвият бахшида, чунин зикр намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад».
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маориф омили калидии рушди инсонӣ ва асоси таҳкими иқтидори зеҳнии миллат мебошад. Дар ин замина, баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили низоми тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбанд. Паём зарурати ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва рушди таълими рақамиро махсус таъкид менамояд.
Илм ҳамчун муҳаррики рушди устувор дар маркази таваҷҷуҳи Паёми Президенти кишвар қарор дорад. Пешвои миллат бар он таъкид намуданд, ки рушди иқтисоди миллӣ бе такя ба илм, таҳқиқоти муосир ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, дастгирии олимон, хусусан олимони ҷавон, ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар Паём ба масъалаи ҳамгироии илм ва маориф бо истеҳсолот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардидааст. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд на танҳо маркази омӯзиш, балки муҳити тавлиди донишҳои амалӣ ва навовариҳо бошанд. Ҷалби донишҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ, рушди стартапҳои донишгоҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ аз роҳҳои асосии расидан ба ин ҳадаф маҳсуб меёбанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои афзалиятноки рушди давлат ва ҷомеаро муайян намуда, ба рушди илму маориф, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди донишбунёд ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ аҳамияти хоса медиҳад.
Яке аз нуктаҳои калидии Паём рушди илм ҳамчун омили асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди илмӣ истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо омили муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, нақши донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои тавлиди дониш ва инноватсия боз ҳам тақвият меёбад. Дар Паём ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар илм, маориф ва идоракунӣ имконият фароҳам меорад, ки самаранокии фаъолият баланд бардошта шуда, захираҳои зеҳнӣ ва моддӣ босамар истифода гарданд. Дар ин раванд, муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадоранд таҳқиқоти илмиро дар самти технологияҳои рақамӣ, таҳияи барномаҳои интеллектуалӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ тақвият диҳанд.
Дар Паём ба истифодаи натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо дар истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун унсурҳои муҳими рушди кишвар таъкид шудаанд. Рақамикунонии соҳаҳои муҳими иқтисод ва рушди технологияҳои иттилоотӣ имкон медиҳад самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ-таҳсилотӣ ва истеҳсолиро баланд бардорад ва барои рушди иқтисоди донишбунёд заминаи устувор фароҳам орад. Дар амалӣ намудани сиёсати илмӣ ва инноватсионӣ нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ муҳим аст. Ҳадаф фароҳам овардани муҳити татбиқшавандаи донишҳои илмӣ дар истеҳсолот, рушди технологияҳои нав ва такмили малакаи ҷавонон мебошад. Ин нуктаҳо муассисаҳоро даъват менамоянд, ки фаъолияташонро дар рӯҳияи ҳамгироии илм, истеҳсолот ва бозор таҳкиму тавсеа диҳанд.
Бо мисоли равшан, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи соҳаҳои муҳандисӣ ва таҳқиқотӣ нақши бориз дорад. Ин донишкада дар самти таҳсил ва омода намудани мутахассисони касбӣ барои соҳаҳои сохтмон, истихроҷи маъдан, металлургия, муҳандисӣ ва иқтисодиёти саноат машғул аст ва бо корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад, ки барои донишҷӯён таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷои кор таъмин шудан имкониятҳои воқеӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон, Донишкада фаъолияти худро дар асоси нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм ва татбиқи инноватсияҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар самти маориф, барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди иқтисоди миллӣ бознигарӣ шуда, усулҳои муосири таълим ва технологияҳои рақамӣ тадриҷан ҷорӣ гардида истодаанд.
Донишкада бо ташкилотҳои илмӣ-таҳсилотии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, барномаҳои муштараки таҳқиқотӣ ва мубодилаи таҷрибаҳоро амалӣ менамояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва рушди касбӣ таъсири мусбӣ мерасонад.
Дар самти илм, раёсати Донишкада ба тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорон ва донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ташкили маҳфилҳои илмӣ, семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ ва дастгирии ташаббусҳои илмии олимони ҷавон аз ҷумлаи иқдомҳои амалӣ дар татбиқи Паём ба ҳисоб мераванд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ бештар хусусияти амалӣ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои воқеии соҳа равона карда мешаванд.
Ҷанбаи муҳими дигари Паём тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои тафаккури илмӣ мебошад. Дар ин замина, рушди фарҳанги китобхонӣ, иштироки фаъол дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва илмӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва дигар ташаббусҳои маърифатӣ, ҳамчун василаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар донишкада инчунин маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият мекунанд, ки донишҷӯёнро барои иштироки фаъол дар озмунҳои илмӣ, аз ҷумла ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ омода месозанд ва барои таҳкими маърифати илмӣ ва эҷодии онҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар самти маориф ва илм ҳамчун барномаи мукаммали рушд роҳнамоӣ менамояд. Татбиқи пайвастаи дастуру ҳидоятҳои он имкон медиҳад, ки низоми маориф такмил ёфта, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ тақвият ёбад ва заминаи боэътимод барои рушди ҷомеаи донишбунёд фароҳам гардад. Дар ин раванд, масъулияти омӯзгорон, олимон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бештар шуда, саҳми онҳо дар рушди ояндаи кишвар аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Донишкада бо татбиқи пайвастаи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва илм саҳми назаррас мегузорад. Тақвияти фаъолияти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, омода намудани кадрҳои рақобатпазир ва тарбияи насли соҳибмаърифат ҳадафҳои асосие мебошанд, ки фаъолияти минбаъдаи донишкадаро дар доираи татбиқи Паём муайян менамоянд.
РАҲИМОВА ШАҲНОЗА
муовини ректор оид ба илм, инноватсия
ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
