АМНИЯТИ КИБЕРӢ: ҶОРӢ НАМУДАНИ БАРНОМАҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ БАРОИ ОШКОР ВА КОҲИШ ДОДАНИ ТАҲДИДҲО ВА ҲАМЛАҲОИ АМНИЯТИ КИБЕРӢ

Дар ҷаҳони имрӯза, ки зиндагии мо торафт бештар ба интернету рақамият вобаста шуда истодааст, амнияти киберӣ ба яке аз масъалаҳои асосии ҷомеа табдил ёфтааст. Агар солҳои гузашта Интернет бештар воситаи ахбор буд, имрӯз он ба макони кор, муошират, маориф, тиҷорат, давлатдорӣ ва ҳатто ҳаёти шахсии мардум табдил ёфтааст. Маҳз ҳамин вобастагӣ боис шудааст, ки ҳар таҳдиди рақамӣ ба амнияти шахсӣ, иқтисод ва оромии ҷомеа таъсир расонад.

Ҳамлаҳои киберӣ дигар танҳо кори гурӯҳҳои пинҳонии технологӣ нестанд. Онҳо ба ҳар хона, ба ҳар телефон, ба ҳар компютер роҳ ёфта метавонанд. Ин ҳамлаҳо садо надоранд, бино нестанд — аммо қудрати онҳо барои вайрон кардани ояндаи инсон аз бисёр хатарҳои намоён ҳам бештар аст. Рост аст, ки ҷиноятҳои рақамӣ симои аён надоранд, вале таъсири онҳо ба зиндагие, ки мо дар фазои виртуалӣ месозем, бисёр амиқ ва ҷиддист.

Дар ин шароит яке аз абзорҳои пурқуввати муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ — зеҳни сунъӣ — аст. Зеҳни сунъӣ мисли чашми бедори шабонарӯзӣ амал мекунад. Ҳангоме, ки инсон хоб аст, он ҳузур дорад. Вақте, ки  моён машғули корҳои рӯзмарра будан, он ҳаракати шабакаҳоро таҳлил мекунад. Дар ҳолатҳои одамон пайванди зарароварро шубҳа накардан, он мувофиқи система хатарҳои бударо ошкор мекунад.

Зеҳни сунъӣ бо суръату дақиқии баланд фаъолият менамояд. Он метавонад то ҳазорҳо амалро дар як лаҳза таҳлил намояд ва тағйироти ночизи пинҳониро, ки инсон онро пай намебарад, ҳамчун нишонаи ҳамла муайян кунад. Барномаҳои дорои зеҳни сунъӣ дар шабакаи компютерӣ мисли табиби таҷрибадор нишонаҳои бемориро ҳанӯз дар марҳилаи аввал мебинанд ва пеш аз авҷ гирифтани хатар онро безарар месозанд.

Амнияти киберӣ танҳо мазмуни муҳофизати дастгоҳро надорад. Ин масъала пеш аз ҳама бо оромии инсон, бо амнияти оила, бо ҳимояи маблағ ва маълумоти шахсӣ алоқаманд аст. Дар телефонҳои мо суратҳисобҳои бонкӣ, суҳбатҳои шахсӣ, аксҳои оилавӣ, маълумоти корӣ ва ҳатто ҳуҷҷатҳои муҳими расмӣ нигоҳ дошта мешаванд. Вале бидуни муҳофизати дуруст, ҳар кас метавонад ин маълумотро ба осонӣ аз даст диҳад.

Зеҳни сунъӣ дар ин самт нақши муҳим мебозад. Он ҳамлаҳоро на танҳо ошкор мекунад, балки онҳоро коҳиш медиҳад. Вақте ҳамла ба система оғоз меёбад, барномаи зеҳни сунъӣ қадамҳои заруриро бе таъхир анҷом медиҳад: гузаргоҳҳоро мебандад, рафтори шубҳанокро қатъ мекунад, файли зарароварро ҷудо месозад ва маълумоти муҳимро ба ҷойи бехатар интиқол медиҳад.

Чунин суръат ва дақиқӣ барои инсон ғайримумкин аст. Инсон метавонад дар як рӯз чанд соат мутамарказ кор кунад, аммо зеҳни сунъӣ хастагиро намедонад. Он дар тамоми шабонарӯз кор мекунад ва ҳар як сония омода аст, ки аз фазои рақамӣ таҳдидро берун созад.

Муҳимтар аз ҳама — зеҳни сунъӣ тарбия мекунад. Он ба одамон одатҳои бехатарро меомӯзад:

–  дар интернет беандеша ба пайвандҳо ворид нашаванд;

–  паролҳои пуриқтидор интихоб кунанд;

–  ҳуҷҷатҳои шахсиро муҳофизат намоянд;

–  иттилооти нолозимро ба каси ношинос нафиристанд;

–  ҳар рафтори шубҳанокро ҷиддӣ гиранд.

Ин тарбия барои ҷомеаи наврасҳо, омӯзгорон, кормандони давлатӣ, донишҷӯён ва ҳатто тиҷоратчиён зарурати асосӣ мебошад. Чун қадаме, ки имрӯз дар интернет мегузорем, метавонад ба ҳаёти мо дар фардо таъсири хеле калон расонад.

Амнияти киберӣ дигар масъалаи техникӣ нест — он масъалаи иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ гаштааст. Барои муҳофизати ояндаи рақамӣ на танҳо зеҳни сунъӣ, балки тафаккури дурусти инсон низ зарур аст. Агар корбар одатҳои дурусти рақамиро ба худ гирад, зеҳни сунъӣ қуввати муҳофизатии худро даҳҳо маротиба беҳтар нишон медиҳад.

Ҷаҳони рақамӣ аз мо масъулияти бештар талаб мекунад. Агар дар ҷаҳони воқеӣ мо дарро қулф мекарда бошем, дар ҷаҳони интернет ҳам бояд ақли худро “қулф” кунем. Агар дар кӯча эҳтиёт шавем, дар интернет инчунин бояд эҳтиёткортар бошем. Агар ба шахси ношинос маълумоти шахсиамонро надиҳем, дар интернет набояд ин хатогиро такрор намоем.

Зеҳни сунъӣ сипари қавӣ аст, вале бе масъулияти инсонӣ он натиҷаи комил дода наметавонад. Ин ду равия — инсон ва зеҳни сунъӣ — мисли ду қаноти як амният мебошанд. Вақте ҳарду қавӣ амал кунанд, ҷомеа аз таҳдидҳои ноаёни рақамӣ муҳофизат мешавад.

Ояндаи амнияти киберӣ дар дасти худи мо аст. Агар мо имрӯз барои муҳофизати маълумот, тарбияи рақамӣ ва истифодаи оқилонаи технология қадамҳои дуруст гузорем, фардо аз таҳдидҳои киберӣ намеҳаросем. Зеҳни сунъӣ дар ин роҳ ҳамчун муҳофизи хирадманд истодааст, вале интихоби муҳим — интихоби хирадмандона — ҳамеша аз худи инсон оғоз мешавад.

     Розиқов Зафар Абдуқаҳорович    профессори  

кафедраи Экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон