ЛОИҲАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН АМАЛӢ КАРДА МЕШАВАНД

Имрӯз, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ҷиҳати матраҳ намудани масъалаҳои самти илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ ҷаласа баргузор намуд.
Дар ҷаласа сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой ва декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукринисо ширкат намуданд.
Раҳимова Шаҳнозахон оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳову барномаҳои байналмилалӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ, оид ба масъалаҳои навиштани мақолаҳои илмӣ барои маҷаллаи илмии Донишкада, баргузор намудани семинару машваратҳои илмӣ, тартиб додани ҷадвали баргузории олимпиадаи фаннӣ, омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ, баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ, вебинарҳо бо ширкати олимони сатҳи ҷаҳонӣ, зиёд намудани сафи обуначиёни рӯзномаи “Маъданшинос” ва навиштани монографияҳои илмӣ сухан ронда, аз ҳозирин талаб намуд, ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо ба таври фаврӣ чораандешӣ намоянд. Зеро ҳама навгониву пешрафт аз натиҷаи кори илмии олимон вобаста аст.
Таъкид карда шуд, ки то оғози соли нав як қатор лоиҳаҳои байналмилалӣ дар Донишкада амалӣ карда мешаванд, ки дар ин самт бояд олимон фаъолона ширкат намоянд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов