БА ҚАДРИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТИ МИЛЛӢ БОЯД РАСИД

Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст”.

Эмомалӣ Раҳмон

         Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро ҳанўз 9-уми сентябри соли 1991 эълон карда буд, ки ин саҳифаи нав ва фараҳбахш дар ҳаёти мардуми тољик ҳисобида мешавад. Истиқлолият – рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорӣ, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро иникос менамояд.

Таъсири истиқлолият дар эҳёи расму оин ва фарҳанги милли тоҷикон

Ҷумҳурии Тоҷикистон љиҳати эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ президенти кишвар талошҳои назаррас анҷом доданд. Ин ҳама талошу кушиш боис гашт, ки имрӯз Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Шашмақом” (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016), “Чакан” (соли 2018) ва “Фалак” (соли 2021), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО вориду пешниҳод гардидааст.

Таъсири истиқлолият баҳри тақвияти ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ

ба таърих ва фарҳанги ниёгони тоҷикон

Дар пешбурди сиёсати дохилии кишвар ва баҳри тақвияти ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳанги ниёкони тоҷик дар давраи истиқлолият: 1100 – солагии давлати Сомониён, 2500 – солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700 – солагии шаҳри бостонии Кўлоб, 3000 – солагии Ҳисори Шодмон, 5500 – солагии шаҳри бостонии Саразм, бузургдошт ва ҷашнҳои Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Мавлоно Ҷалолуддини Бадхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо  дигар ҷашнҳоро метавон номбар намуд. Ин ҷашнҳо аз як тараф бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонанд, ки чунин таърихи воло ва фарзандони барўманд доранд ва аз тарафи дигар, омили тақвият бахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ мебошанд.

Таъсири истиқлолият дар рушди сиёсати хориљӣ

Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои бобарори фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз роҳу равиши муносиби ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонист, ки бо доираи васеи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои худро такмил диҳад. То имрӯз кишвари мо наздик бо 190 кишвари хориҷӣ муносибати дипломатӣ барқарор кардааст, ки бо аксари аз онҳо созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида, ҳамкориҳои муштарак дар сатҳи баланд тавсеа ёфтаанд. Айни ҳол, дар шаҳри Душанбе беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ кор ва фаъолият карда, беш аз 65 давлати дигар сафирони ғайримуқими худро дар Тоҷикистон таъин намудаанд. Намояндагиҳои аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон амал мекунанд. Инчунин, беш аз 40 намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ амал мекунанд. Тоҷикистон ҳамасола бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули молу маҳсулот анҷом дода, доираи ҳамкориҳоро дар самтҳои дигар, пеш аз ҳама, дар бахши иқтисод, ҷалби сармоягузорӣ, илм, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва ғайра васеъ ба роҳ мондааст.

Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои самараноки сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар таъсиси чанд созмони минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД, СҲШ, инчунин Бунёди байналмилалии баҳри Арал чун кишвари муассис саҳм гузошта, пайваста барои боз ҳам фаъол будани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Таъсири истиқлолият дар самти илм, маориф ва фарҳанг

  • Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ташкил карда шуд;
  • Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил карда шуд;
  • Бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ – муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Илмфурӯғи маърифат” ташкил карда шуд;
  • Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “ «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат” дар чор давр аз моҳи феврали то моҳи декабри соли 2023 доир карда шуд;
  • Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 доир мегардад, ки ба 35 -солагии ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Сарвари давлат дар паёми табрикотӣ ба муносибати 9 – солагии Истиқлоли давлатӣ 8 сентябри соли 2000 таъкид карда буданд: “Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди истиқлолият пеш омад, ин раҳоӣ бахшидани кишвар аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад. Татбиқи ин масъала имкон медиҳад, ки бисёр ҳадафҳои стратегӣ таъмини ваҳдату ягонагӣ, болоравии иқтисодиёт, мубодилаи мол, ривоҷи тиҷорат ва дар ниҳояти кор ободонии Ватан ва болоравии сатҳи зиндагии халқ ҳалли муваффақиятноки худро ёбанд”.

Ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии худ, чунин Стратегияҳои давлатиро, ки ҳадафҳои асосии рушди миллии кишвар ба шумор рафта, ба бунёди инфрасохтори зарурӣ ва ба талабот ҷавобгӯро фароҳам меоварад, ба нақша гирифтааст:

  • Таъмини истиқлолияти энергетикӣ

Ҳадаф:Истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ ва дигар нерӯҳои табиӣ.

Амалҳо: Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, рушди нерӯгоҳҳо, аз ҷумла НБО-и “Роғун” ва дигар лоиҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

  • Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Ҳадаф:Табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва васеъ кардани роҳҳои пайвандӣ.

Амалҳо:Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ баҳри пайвастани Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа.

  • Ҳифзи амнияти озуқаворӣ

Ҳадаф:таъмини дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.

Амалҳо: Истифодаи самараноки замин ва об, рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои фермерӣ ва содироти маҳсулот.

Тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ

 барои устувор нигоҳ доштани истиқлолият

         Дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлати, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ баён шуд, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст.

Таъмини рушди устувори кишвар интихоби принсипҳои илман асоснокшудаи заминавии тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ва ҷомеаро дар назар дорад. Равиши муназзами таҳияи СМР-2030 ба се принсипи асосии рушди минбаъда:

1) превентивӣ (тадбирнокӣ), яъне пешгирии (коҳишдиҳии) осебпазирии рушди оянда;

2) индустриалӣ, яъне баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ;

3) инноватсионӣ, яъне рушд бар пояи навовариҳои фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ичтимоию иқтисодии кишвар, асос ёфтааст.

ХУЛОСА

Пас аз омўзиш ва натиљаҳои тахлилӣ, чунин хулосаҳои зерин доир ба қадри истиқлол ва давлати миллӣ баровардан мумкин аст:

  • қадри истиқлол ва давлати миллӣ, пеш аз ҳама аз озодӣ, хонаи обод, тарбияи баланди муҳити оилавӣ ва зиндагии осоиштаи шахсӣ оғоз меёбад;
  • нангу номусӣ ватандорӣ, худшиносӣ ва маърифат ба қадр кардани истиқлолу давлати миллӣ оварда мерасонад;
  • эҳтироми фарҳанги миллӣ, ҳиссиёти ватандўстӣ, қадр кардан ва ҳимояву баҳо додани меҳнати ҳар як шаҳрванд;
  • озодӣ ва иљро кардани вазифаҳои конкретӣ, завқ ва лаззати ҳаётӣ бардоштан ба он коре, ки ба натиљаи мусбӣ анљом ёбад, кадоме ки ба устуворию худбоваркунии оварда мерасонад;
  • хунармандӣ ва иштирок дар корҳои истеҳсолоти љамъиятӣ;
  • љаҳонбинии илмии пешқадам ва тарҳрезии барномаҳои самараноки нав ба бунёди давлати миллии пешқадами љаҳонӣ боис мегардад;
  • фаъолияти самаранок дар сарљамъӣ, ақидаҳои мақсадноку фоиданокро ба миён оварда, давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро бунёд менамояд.

    Воҳидов А.А. номзади илмҳои техникӣ,

                 мудири кафедраи фанҳои умумитехникии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон