Ҳамкориҳои донишкада бо Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд густариш меёбад

Ҳамкориҳои дуҷониба баҳри пешрафти фаъолият дар соҳаи маориф бо донишкадаву донишкадаҳо имрӯз хеле муҳим буда,  баҳри амали намудани лоиҳаҳои муштарак замина мегузорад. Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамкориро бо донишкадаву донишгоҳҳо, филиалу намояндагиҳои муассисаҳои олии ватаниву хориҷӣ густариш дода, дар ин самт як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Ҳоло роҳбарияти донишкада ҳамкориҳоро бо Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба роҳ монда, нақша дорад, ки корро дар ин самт ҷоннок намояд. Ҳамкорӣ баҳри пешрафт ва табодули таҷриба барои ин филиали навтаъсис муҳим аст ва ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  дар ин самт кӯмаки хешро дареғ намедоранд. Дар ояндаи наздик дар нақша ҳаст, ки як силсила барномаҳо баҳри пешрафти кор ва рушди соҳа рӯи даст гирифта шаванд, ки ин ҳам ҳамкориҳоро дар ин самт густариш медиҳад.