35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 дар баробари баррасии масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ масоили фарҳанг, ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ баррасӣ гардид. Ин таваҷҷуҳи амиқ ифодагари дарки стратегии Пешвои миллат аст, ки фарҳанг ва ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳамчун пояи асосии идеологияи давлатдорӣ ва омили калидии ҳувиятсозӣ дар ҷаҳони муосир маънидод мешавад. Худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, вусъат додани корҳои созандагӣ ва ободкорӣ аз масъалаҳои меҳварии Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон буданд.

— Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки «мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад». Вобаста ба ин Пешвои миллат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд.

Раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои эҷоди тафаккури навини миллӣ заминаи устувор фароҳам овард, ки дар ҷавҳари он эҳсоси амиқи ягонагии сарнавишти миллат ва ваҳдату ягонагии миллӣ ба сифати шоҳсутуни пойдории озодиву истиқлоли тоҷикон қарор дорад. Ин бори дигар собит месозад, ки танҳо ҷомеае, ки ба дарки худшиносии миллӣ расидааст, асолати миллиашро ҳифз ва сарватҳои маънавии онро афзун карда метавонад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ки «боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳон забону фарҳангӣ, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафти давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидона ба мерос гузоштаанд».

Дар шароити мураккаби замони муосир – замони навсозиҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бо роҳи афзоиши худшиносии миллӣ нақши аввалиндараҷа дорад. Таърих дӯсти воқеиятпарасти мост ва гувоҳӣ медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ ва ноогаҳӣ аз гузаштаи пурифтихор давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз байн рафта, номашон аз дафтари замон гум шуда, аз забон ва расму оини аҷдодиашон маҳрум гардидаанд.

Тавре маълум аст, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносии миллӣ забони адабии тоҷикӣ мебошад. Маҳз ба воситаи ҳамин забон бузургони илму адаби мо ба эҷод машғул шуда, дар ташаккули фарҳанги ватанӣ ва ҷаҳонӣ нақши мондагор гузоштаанд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус иброз намудаанд, ки «…забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши давоми ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд».

Барои рушду тавсеаи андешаи миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, боло бурдани фарҳангу маънавияти онҳо нақши аҳли ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи тоҷик, ниҳодҳои марбута ва бавижа, зиёиёну омӯзгорон бузург аст ва онҳо бояд ин рисолати муҳими бардӯшдоштаи худро бо камоли ихлос, меҳру муҳаббат ва донишу маҳорат ба иҷро расонанд.

Омӯзгору зиёии асил дар замони муосир бояд масъулияту вазифаи худро дар омӯзишу парвариши насли ояндасози ҷумҳурӣ комилан дарк ва ҳамвора саъю кӯшиш кунанд, то ҷавонон дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, ки ҷавҳари ҳастиву бунёдии давлати мост, арҷ гузоранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз масъалаҳои муҳим ва умда дар низоми илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Худшиносӣ аз аломатҳои ҷаҳонии маънавии фард ва ҳамзамон нишонаи камолоти маънавии ӯст. Моҳияти ҳастии инсон маҳз тавассути худшиносӣ ошкор мегардад. Яъне, инсони воқеӣ касеро метавон гуфт, ки ҷаҳони маънавии худро такмил дода, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намуда, барои ҷамъият узви фаъол мегардад. Танҳо пас аз расидан ба дараҷаи худшиносӣ оид ба шаклҳои дигари худшиносӣ метавон андешаронӣ намуд.

Яке аз муҳимтарин роҳҳои расидан ба худшиносӣ тарбияи ҳаматарафаи насли наврас дар заминаи тарбияи миллӣ мебошад. Тарбияи худшиносии миллӣ барои миллатсозӣ ва ба миллат расидан афзалиятноктарин шакли тарбия ба ҳисоб меравад.

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо Консепсияи миллии тарбия қабул гардидааст, ки сиёсати кунунии дурнамои давлат дар соҳаи тарбияи миллӣ, оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас мебошад. Мақсад, вазифа ва заминаҳои тарбияи миллӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ ба танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият нигаронида шудаанд. Тарбияи миллӣ омили асосиест, ки дар шаҳрванд парвариши сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва ташаббускориро таъмин менамояд.

Тарбияи миллӣ воситаи асосии ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ ба шумор меравад.

Дар даврони истиқлол моро зарур аст, ки аз диди нав ба тамаддуни оламгири худ назар афканем, аз нигоҳи илмӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш ва истифода қарор диҳем, зеро арзишҳои фарҳангӣ хусусияти фарогири оммавӣ дошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб гаштаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти ҷумҳурӣ ҷаҳду талош намояд».

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар мамлакатамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи ҷумҳурӣ таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи тираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд.

Баробар ба истиқлоли миллӣ, новобаста ба ҳама мушкилоти сиёсӣ, ташаннуҷ ва ҷангу хунрезӣ тарҳи шеъри худшиносии миллӣ гузошта шуд, ки яке аз бахшҳои муҳими он тафсири ормонҳои ваҳдатгароӣ ва зарурати таърихии расидан ба ваҳдати миллӣ маҳсуб мешуд. Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар эҷоди шеъри худшиносиву худогоҳӣ ва дар баробари ин ваҳдатгароиву ваҳдатсароӣ қарор дошт.

Аз аввалин рӯзҳои хуруҷи ҷанги шаҳрвандӣ хатари парешонии миллат, ки иллате ба ҳастии он дониста мешуд, устод Лоиқ аз нахустин шоирони мо буд, ки ваҳдатро чун нӯшдоруи ҷони миллат ва ормони бузурги таърихӣ талқин намуда, аз ҳар тоҷику тоҷикистонӣ даъват менамуд, ки ваҳшату нафратҳоро аз миён бардоранд, чун ягона илоҷи иллати носури миллат ваҳдат буду бас.

Устод Лоиқ ҳамеша дар фикри миллат шудан ва расидан ба ваҳдати миллӣ буд. Аз ин рӯ, ин шоири миллии мо ҳамеша дар ҳасрати ваҳдат ва дар он рӯзгор, ки хатари нобудии миллӣ таҳдид мекард, дар ғами иллатҳои таҳмилшуда бар сари миллат дарднок мегиристу азият мекашид.

Дар майдони саҳни Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанае ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқлори сулҳ ва ризояти миллӣ баргузор гардид, ки устод Лоиқ бегумон аввалин шеъри ваҳдати миллии тоҷиконро сароидаву чун паёми муборакбодӣ барои миллат ва мардуми тоҷик бо камоли масаррат аз ҳузури ин неъмати беназиру бузургу бо номи сулҳ дар маҳзари мубашшири сулҳи тоҷикон — Пешвои миллат бархонд:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ ба диёри мо омад,
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Хотифи зиндадорӣ мо омад…

Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардум, яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате саъю талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми мамлакат ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Имрӯз мо ба шарофати пойдории сулҳу субот давлат ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд дорем, ки дар чунин низом муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикрронии инсон аҳамияти куллан нав пайдо менамоянд. Дар шароити имрӯзаи мамлакат бояд ба моҳияти арзишҳо ва идеяҳои демократии нав, тарзи зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо бунёди онро марому мақсади худ қарор додаем, ҷавобгӯ бошем. Ҳар шаҳрванд ва ҳар инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донад. Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд.

Вақт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми ҷумҳурӣ ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, рушди илму фарҳанг, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳама созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо аз мактаби сулҳофарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираҳои илмӣ ва фарҳангии давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ таҷриба омӯхта, ба он ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ баҳои баланд медиҳанд.

Аз ин рӯ, арзиши олие, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ ба ҳам бипайвандад, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони мамлакат аст.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақияти назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳ пайдо кардааст.

Бояд иқрор намуд, ки миллати тоҷик чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо хиради азалии худ дар барқарорсозӣ ва шукуфоии ватан ҷонбозиҳои зиёд карда, ба муваффақият ноил гаштааст. Имрӯзҳо натиҷаи заҳмати ватанпарваронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси ваҳдат озодии комили худро ба даст дорад. Яке аз бузургтарин фарзонафарзанди барӯманди тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки барои барқарор намудани Ваҳдати миллӣ худро зери вазнинтарин хатари ҷонӣ гузошта, ба давлатҳое, ки умеди бозгашт набуд, сафар карданд, то ки ба гурӯҳҳои мухолифин забон як карда, Тоҷикистони ҷангзадаро соҳибсулҳ гардонанд.

Пешвои миллат дар музокираҳо ба хотири сулҳ бо хиради волояшон байти машҳури бузургтарин ғазалсарои адабиёти тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ:

«Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро»-рo cармашқи кор карор дода, бо адовати мухолифин адолат намуда, ба халқ ваҳдати комил ато кардан два истиқлоли номиро ба истиқлоли ҳақиқӣ мубаддал гардониданд.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор