ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ чунин ибрози назар намуд:
-Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. 16 ноябр ҳар сол ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои фарзонафарзанди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад. Ин рӯз ифодаи шукргузорӣ аз роҳбарест, ки тавонистанд миллати тоҷикро аз вартаи ҷанг, парокандагӣ ва нобоварӣ наҷот диҳанд, давлати соҳибистиқлол ва обод бунёд намоянд ва Тоҷикистонро ба роҳи рушди устувор ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ роҳнамоӣ намоянд.
Боиси таззаккур аст, ки 16 ноябр интихоб гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҷанбаҳои сиёсӣ ва таърихӣ дорад.
Аввалан, 16 ноябри соли 1992, дар давраи пуршиддати вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд.
16 ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба фаъолияти корӣ шуруъ намуданд.
Сониян, дар даврони Истиқлоли давлатӣ мамлакати мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар шароити такомули муносибатҳои нави байналмилалӣ пайваста эътиборашро афзуд ва тавассути пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоиста ба даст овард. Аз ин рӯ, тамоми дастовардҳо ва муваффақияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ рӯйи кор омада, ба фаъолияти пурсамар ва созандаю бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии ногусастанӣ дорад.
Солҳои аввали истиқлолият барои миллати тоҷик аз душвортарин давраҳои таърихӣ буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, нобоварӣ байни гурӯҳҳои сиёсӣ ва иқтисоди харобшуда мамлакатро ба вартаи нобудӣ бурданд. Дар чунин шароити вазнин соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, бо қадамҳои устувор, сиёсати хирадмандона ва бо азму иродаи қавӣ тавонистанд сулҳро дар Тоҷикистон барқарор созанд. Имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихӣ ва намунаи нодири дипломатия шинохта шудааст.
Пас аз барқарор шудани сулҳ Пешвои миллат ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ оғоз намуданд. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бунёди мақомоти ҳокимият, қонунгузорӣ ва судӣ заминаи ҳуқуқӣ пайдо намуд. Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиди низоми идоракунӣ, таъсиси сохторҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ ва таҳкими амнияти миллӣ амалӣ гардид. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад.
Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодиёти Тоҷикистон тадриҷан аз вазъи буҳронии пас аз ҷанг баромад. Бо истифода аз барномаҳои давлатии саноатӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ нишондиҳандаҳои иқтисодӣ рӯ ба беҳбудӣ оварданд.
Маҳз чунин заҳматҳо ва талошҳои бесобиқа боис гардиданд, ки мардуми Тоҷикистон ва парлумони мамлакат 16 ноябрро ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гиранд.
Имрӯзҳо коршиносон ва муҳаққиқони ватанӣ, сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ дар бораи рушду пешрафт ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳлилҳои амиқ ва ҳамаҷониба гузаронида, баҳои баланд ва мусбат додаанд.
Нақши Президенти Тоҷикистон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ хеле бузург аст. Бунёди неругоҳҳои азим – «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», оғози кори чархҳои аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сохтмони даҳҳо неругоҳи хурду миёна Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои дорои иқтидори баланди энергетикӣ табдил дод. Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се давлати аввали тавлидкунандаи энергияи «сабз» дохил мегардад. Ин ҳама иқдом ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии ҷумҳурӣ равона шудаанд.
Бо мақсади рушд додани илму дониш ва баланд бардоштани маърифати насли ҷавон ва дарёфти истеъдодҳои нав дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои миллат якчанд озмун, ба мисли «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва ғайра амалӣ шуданд, ки аллакай ҳаводорони зиёд доранд. Ва ин барои ояндаи дурахшони насли ҷавон хеле муҳим мебошад.
Дар соҳаи иҷтимоӣ низ пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Давоми солҳои охир садҳо мактаб, муассисаҳои тиббӣ, варзишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангӣ сохта шуданд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки сармоягузории асосӣ бояд ба инсон равона гардад — ба таҳсилоти босифат, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум.
Яке аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат эҳё ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон мебошад, ки бо ибтикорашон ҷашнҳои миллӣ, чун Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақоми давлатӣ пайдо намуданд. Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шуд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки забон ва фарҳанг пояи ҳастии миллатанд ва бе онҳо давлат наметавонад пойдор бошад. Ҳадаф аз шинохти таърих, ҳикмату фарҳанг ва забону адабиёти оламгири ниёгон шинохти мақоми ҷаҳони миллати хеш аст, ки ин дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳилаи комилан нав ба вуҷуд овард.
Бо ибтикори Президенти мамлакат чорабиниҳои сатҳи байналмилалии фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо садҳо сиёсатмадорон, олимону фарҳангиёни хориҷӣ иштирок намуданд. Инчунин Тоҷикистон ба ташкилоти бузурги байналмилалӣ узвият пайдо кард, ки он дар тарғиби намунаҳои гуногуни фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мусоидат менамояд ва ёдгории бостонии Саразм, Боғи миллии кӯҳҳои Помир дар Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии ғайриманқули умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Ёдгориҳои зерини таърихию фарҳангӣ ва меъмории мамлакат: «Шаҳраки Панҷакенти қадим» ва «Шаҳраки Бунҷукат» ба гузаргоҳи «Зарафшон», «Шаҳри Ҳисор» ба гузаргоҳи «Марказӣ», «Дайри буддоии Аҷинатеппа», «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», «Шаҳраки эллинистии Тахти Сангин», «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» ба гузаргоҳи «Амударё» ба силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» – ЮНЕСКО дохил гардиданд.
Пешвои миллат инчунин ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва эҳёи мероси ниёгон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Бунёди маҷмааи «Истиқлол» дар Душанбе, ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва дигар ёдгориҳои фарҳангӣ ифодаи арҷгузорӣ ба таърихи пуршарафи миллат мебошад.
Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои кушода» ва ҳамкории мутақобили судманд бо даҳҳо давлат ва созмонҳои байналмилалӣ тавонист мавқеи худро дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам созад. Узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳо имконият дод, ки Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Пешвои миллат яке аз аввалин роҳбарони Осиёи Марказӣ мебошанд, ки масъалаи экология ва ҳифзи захираҳои обиро ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд. Бо ибтикорашон Созмони Милали Муттаҳид якчанд қатъномаи муҳимро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» қабул намуд.
Соли 2015 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олӣ — «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» сарфароз гардиданд. Ин унвон натиҷаи меҳнат, садоқат ва фидокорӣ ба Ватан ва мардум мебошад. Имрӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон шинохта шудаанд— яъне ин шахсият тавонистанд миллатро муттаҳид созанд, давлатро обод намоянд ва садои тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, то миллати тоҷик мероси бостонии худро эҳё ва гиромӣ дорад. Ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз қабили 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000 –солагии «Шоҳнома» –и Ҳаким Фирдавсӣ, 2700 –солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, Соли бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 2700-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор ва 5500-солагии Саразми қадим, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба ҷаҳониён фарҳанги бойи тоҷикро муаррифӣ карданд, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиро дар қалби мардум боз ҳам қавитар намуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Ин иқдом идомаи сиёсати солҳои истиқлол буда, ҳадафаш тезонидани рақамикунонии соҳаҳои иқтисод ва ташаккули экосистемаи инноватсионӣ мебошад.
Рӯзи Президент аз ҷиҳати тарбиявӣ барои насли наврас хеле муҳим мебошад. Ҷавонони мо бояд таърихи пайдоиш, мазмун ва муҳтавои ин рӯзи фархундаро ҳамаҷониба омӯзанд ва дарк намоянд, ки он ба рушди давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Аз ҳамин лиҳоз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи муқаррарӣ набуда, балки рӯзи бузурги таърихӣ, ҷашни муқаддаси миллӣ, рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хосса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамин тавр, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодири сиёсӣ ва меъмори сулҳу субот дар давлати навини тоҷикон мебошанд. Пешвои миллат тавонистанд бо хирад, сабурӣ ва сиёсати оқилона давлатро аз вартаи ҷанг ба марҳалаи сулҳу шукуфоӣ расонанд.
Рӯзи Президент рамзи эҳтиром ва сипосгузорӣ ба Пешвои миллат мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои воқеии тоҷикони ҷаҳонанд – ин шахсият бо фаъолияти созандаашон барои наслҳои оянда намунаи ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошанд.
Бахтиёр Маҳмадалӣ
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
