Санаи 22 апрели соли 2025 дар назди кафедраи Геология ва корҳои нафту газ маҳфили илмии “Ганҷшинос” таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедра Туйчиев Ғаффор Туйчиевич баргузор гардид. Маърӯзаи маҳфилро донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 510101 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок Мирбобоев Шохиста дар мавзӯи “Таснифоти ҷинсҳои таҳшинӣ ва муаммоҳои муосири геологӣ” омода карда баромад намуд.
Дар оғози чорабинӣ омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Туйчиев Ғ.Т. маълумоти мухтасар оид ба пайдошавии ҷинсҳои таҳшинӣ мавриди баррасӣ пешниҳод намуд. Донишҷӯ Мирбобоева Ш. дар баромади худ оид ба марҳилаҳои умумии пайдошавии ҷинсҳои таҳшинӣ, гузариши равандҳои метагенез, катагенез ва диагенез маълумоти фишурда баррасӣ намуд.
Дар хотима аз ҷониби роҳбари маҳфил ба маҳаи иштироккунандагон инчунин ба роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуд.