
Санаи 21 май, намояндагони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки Арванд» ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, ба ҳайати профессориву омӯзгории кафедраи экология компютерҳои замонавиро барои бурдани корҳои илмӣ-тадқикотӣ дар самти экология ва рушди устувор (ESG) тақдим намуданд.
Дар рафти мулоқот бо ректори Донишкада доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, рушди илм ва таълим дар самти экология ва рушди устувор, иқтисодиёти сабз инчунин истифодаи технологияҳои рақамию инноватсия дар соҳаро баррасӣ намуданд.
Намояндгони бонки Арванд Тӯйчиев Ҳусейн – менеҷери маркетинг ва PR ва Бобохӯҷаева Машҳурахон – менеҷери маъмурӣ қайд намуданд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҶСП «Арванд» ин ESG (Environmental, Social, Governance / муҳити зист, иҷтимоӣ, идоракунӣ) мебошад. Маҳз дар асоси ҳамин принсипҳо, бонк кафедраи экологияро дастгирӣ намуд.
Ин иқдом дар доираи Барномаи маҷмӯъии тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ва «Солҳои 2025–2030 — Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» амалӣ гардида, ба такмили базаи моддӣ-техникӣ, баланд бардоштани сатҳи таълим ва маърифатнокии экологӣ дар байни донишҷӯён мусоидат мекунад.
Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба роҳбарияти ҶСП «Арванд» барои ин дастгирии арзанда ва саҳм дар рушди таълим, илм ва маърифати экологӣ изҳори сипос менамояд.
#ДКМТ #Арванд #Экология #МаърифатиЭкологӣ #ESG #РушдиУстувор #ИқтисодиРақамӣ #Ҳамкорӣ #Ташаккур
Ҳоҷибоев Д.Д.
Мудири кафедраи экология