
Имрӯз, профессори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ Ҳоҷизода Саидмуқбил аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада олими ҷавон, шахси ватандӯсту дилсӯз профессор Ҳоҷизода Саидмуқбилро барои ин дастоварди беназир табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият таманно менамоям.