ҶАШНИ САДА —РАМЗИ РӮШНОӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Сада яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва пурқимати халқи тоҷик ба шумор рафта, решаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ дорад. Ин ҷашн, ки аз давраҳои қадим дар миёни мардуми ориёинажод ҷашн гирифта мешуд, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармӣ бар сардиҳои зимистон мебошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз рост меояд ва бо афрӯхтани оташ таҷассум меёбад. Оташ дар ин ҷашн на танҳо унсури табиӣ, балки нишонаи покӣ, дониш ва пешрафти маънавии инсон маҳсуб мешавад. Мардуми қадим бо афрӯхтани оташ ба зиндагӣ, меҳнат ва ояндаи нек эътимод изҳор менамуданд.
Арзиши иҷтимоиву фарҳангии Сада дар таҳкими ваҳдат, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ифода меёбад. Ин ҷашн мардумро ба заҳматдӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳифзи суннатҳои аҷдодӣ даъват мекунад. Сада ҳамзамон василаи муҳими тарбияи маънавии ҷавонон ба шумор меравад, зеро тавассути он насли нав бо таърих ва фарҳанги худ ошно мегардад.
Дар шароити муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангҳои миллӣ таъсир мерасонад, эҳё ва арҷгузорӣ ба ҷашни Сада аҳамияти махсус касб мекунад. Гиромидошти ин ҷашн ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳии ҷомеа мусоидат менамояд.
Эҳё ва рушди ҷашнҳои бостонии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати фарҳангии давлат алоқамандии зич дорад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас ва таърихӣ мебошад. Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷашнҳои куҳанбунёд, аз ҷумла ҷашни Сада ба ҳаёти фарҳангии ҷомеа бозгардонида шуданд. Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳо ва асарҳои худ ба зарурати ҳифз ва эҳёи мероси фарҳангии ниёгон таъкид намуда, ҷашнҳои миллиро ҳамчун омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат ҷашни Сада расман мақоми ҷашни миллӣ касб намуда, ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Гиромидошти ҷашни Сада дар сиёсати фарҳангии давлат ба таҳкими арзишҳои инсонӣ, аз қабили меҳнатдӯстӣ, созандагӣ ва эҳтиром ба табиат мусоидат менамояд. Сарвари давлат ҷашни Садаро на танҳо ҳамчун ҷашни таърихӣ, балки ҳамчун мактаби тарбияи ахлоқию ватандӯстӣ барои насли наврас маънидод мекунанд. Иқдомҳои Пешвои миллат ҷиҳати тарғиби ҷашни Сада ба баланд бардоштани нуфузи фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ низ замина гузоштанд. Тавассути эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ва муаррифии онҳо, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва фарҳанги ғанӣ шинохта мешавад. Дар маҷмӯъ, нақши Пешвои миллат дар эҳё ва таҷлили ҷашни Сада ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати фарҳангии давлат арзишманд буда, барои ҳифзи мероси ғайримоддӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа аҳамияти калон дорад.
Хулоса, ҷашни Сада ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ, таҷассумгари рӯшноӣ, умед ва пайванди наслҳост. Нигоҳдошт ва тарғиби он вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа буда, барои рушди фарҳангӣ ва маънавии миллат заминаи устувор фароҳам меорад.
ДАВЛАТОВ Хайриддин
ассистенти кафедраи геология ва корҳои маркшейдерии ДКМТ