ҶАШНИ МЕҲРГОН – РАМЗИ МЕҲРУ ДӮСТӢ ДАР ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Меҳргон яке аз куҳантарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод мебошад, ки таърихи он ба ҳазораҳои пеш аз милод рост меояд. Ин ҷашн дар баробари Наврӯз яке аз муҳимтарин суннатҳои миллӣ ва рамзи меҳр, вафо ва дӯстӣ дониста мешавад. Бостонӣ будани ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон аз он шаҳодат медиҳад, ки бунёдгузорони онҳо ба давраи Пешдодиён мансубанд. Дар сарчашмаҳои мифологӣ ва таърихӣ Наврӯз ба номи шоҳ Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун нисбат дода мешавад. Нуктаи муҳим он аст, ки Наврӯз ҳамчун оғози соли нав ва баробарии шабу рӯз дар бурҷи Ҳамал таҷлил мегардид, дар ҳоле ки Меҳргон оғози нимаи дуюми сол — фасли тирамоҳ — ба ҳисоб мерафт. Тибқи ривоятҳои таърихӣ, дар давраи бостон Меҳргон оғози соли Ҳахоманишиён буда, аз вуруди хуршед ба бурҷи Мизон шурӯъ мегардид.
Бино ба назарҳои муҳаққиқон, дар замони Ҳахоманишиён ба ҷашни Меҳргон таваҷҷуҳи вижа зоҳир мегардид. Таърихнигорони Юнон ва Руми қадим низ дар осори худ ба ин маънӣ ишора кардаанд. Ин ҳолат эҳтимол ба ҷойгоҳи баланди эзади Меҳр (Митро) дар он давра вобаста аст, ки ҳамчун рамзи адолат, рӯшноӣ ва аҳду паймон шинохта мешуд.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар асари худ «Тоҷикон» таъкид мекунад: «Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ на танҳо рамзи шодиву сурур, балки ифодаи фарҳанги меҳнат, адолат ва ҳамзистии инсон бо табиат аст».
Маврид ба зикр аст, ки дар замони Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён, Меҳргон ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил мегардид.
Дар ин рӯз шоҳон либосҳои махсуси арғувонӣ мепӯшиданд ва бар мардум инъомот мебахшиданд. Ҳамчунин, тибқи ривоятҳо, Фаридун — яке аз шоҳони мифологӣ — дар рӯзи Меҳргон бар Заҳҳок пирӯз шуда, адолатро дар ҷаҳон барқарор кард.
Аз дидгоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ ҷашни Меҳргон падидаест, ки арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоиро дар зеҳни мардум мустаҳкам месозад. Он на танҳо ҷашни кишоварзон, балки маросими шукргузорӣ аз неъматҳои табиат мебошад.
Хушбахтона, имрӯз Меҳргон дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни бошукуҳи миллию мардумӣ таҷлил мегардад.
Ҳамасола, шуруъ аз 8–10-уми октябр то охири ин моҳ, дар саросари кишвар намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, озмунҳои ҳунармандӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Ҳамин тавр, ҷашни Меҳргон падидаи беназири фарҳанги ориёист, ки то имрӯз боқӣ мондааст. Он таҷассуми меҳр, адолат, вафо ва инсонгароӣ буда, на танҳо як маросими суннатӣ, балки як ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ мебошад.
Эҳёи ин ҷашн ба муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми назаррас дорад.
Шуҳратзода Шоҳруз
мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон