(дар ҳошияи матлаби С. Ятимов таҳти унвони “Марде шоиста ва зиёие истисноӣ ё достони ғаму шодӣ”)
Санаи якуми декабри соли 25- и милодӣ нашрияи “Ҷумҳурият” яке аз бонуфузтарин нашрияҳо дар кишвар матлаби С. Ятимовро дар “Ёддоштҳо”( китоби С. Ятимов) таҳти унвони “Марде шоиста ва зиёие истисноӣ ё достони ғаму шодӣ” ба нашр расонид.
Саймумин Ятимов аз олимони забардаст, пайрави асили Пешвои миллат, дилсӯзу меҳандӯст, садоқатманду ҷонфидо, сиёсатмадори ҳирфаӣ, шахси масъулиятшиносу покзамир ва хирадманду башардӯст ва аз муввафақтарин пажӯҳишгарону муаррифисозони фалсафаи давлатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ва ҳар навиштаи ин марди ҳақ, олими сермаҳсул як роҳи нав, як роҳ- нишондод барои насли ҷавону ватандӯст мебошад.
Ифтихор менамоем, ки дар Ватан чунин олимони забардаст ва зиёиёни асил ба мисли С. Ятимов дорем!
Баргардем, сари мақсад, дар ин матлаб аз бузургиву мақоми зиёӣ ва ҳолатҳои мухталифи як зиёии тоҷик, профессор Раҳими Мусулмониён, ҳамзамон нақши “сиёҳон” дар солҳои 90-ум ва гиру дори он, маориф ва фаҳми умум сухан меравад.
Маълум аст, ки аввали солҳои истиқлол ин зиёӣ бо “сиёҳҳо”* ҳамроҳ гаштаву пушаймон шудааст ва дар аввалин фурсат, иштибоҳи худро дарк кардаву дубора хешро фидои давлату миллат намудааст. Ва ин як қиссаи ибратбахш мебошад.
Воқеан солҳои 90-уми милодӣ чанде аз зиёиҳои мо иштибоҳ карда буданду зӯран дар итоати “сиёҳҳо” даромада буданд, ки ба қавли маъруф ё ғариб шуданд ё мақоми иҷтимоии хешро аз даст доданд. Ҳарчанд Ҳукумати вақт ҳамаи ононро бахшида буд.
Лек ҳаёт, табиат, муҳит боз қонунҳои худро дорад, ки на ҳамеша инсон метавонад, дар кашфи асрори ҳастӣ ва мавҷудият муваффақ бошад.
Дар ин матлаб муаллифи арҷманд бо овардани чанд мисоли ҳаётӣ бисёр кушоду равшан дар бораи фаҳм, шуур, ватандӯстӣ ва нақши илму дониш дар пешрафти ҷамъият сухан гуфта, кушоду равшан нишон додааст, ки бо омадани сиёҳҳо нақшу манзалати равшангари ҷомеа то куҷо ба пойи фаромада буд.
Он солҳои вазнинро ташхис кардан ҳоло ҳам душвор аст. Вале муаллиф хеле оқилона ва хирадмандона ҳадафҳо, барномаҳои “сиёҳҳо”-ро шарҳ додаву рӯи коғаз овардааст. Ва ин матлаб метавонад, яке аз матлабҳои хуби омӯзишии тарбиявӣ бошад. Дар ин матлаб як пораи таърих ҳифз шудааст, ки бо мутолиаи он хонандаи огоҳ дарк менамояд, ки муаллифи гиромӣ аз донишҳои баланд, таърихи дирӯзу имрӯз, ҳолати фардо, набзи ҷомеа ва суръати фаҳми омма хеле хуб огоҳ буда, баҳри муоинаи он низ даво пешниҳод кардааст. Яъне, муаллиф сабабу омилҳои зери султаи “сиёҳҳо” даромадани аҳли зиё ва ба гирдоби хуруфот печидани ҷамъиятро бисёр хуб шинохтаву ташхис додааст…
Бояд ин нуқтаро махсус таъкид намуд, ки бидуни илм ҷамъият пеш намеравад, ва ҳолати инсони маризеро мемонад, ки ба вабо гирифтор асту, дигар роҳи табобат надорад.
Илм ҳамеша равшангари роҳ ва роҳкушои саодати ҷамъият мебошад.
Ҷамъияте, ки ба илм, олим, донишманд, адиб таваҷҷуҳ мекунад, зуд рушд меёбад.
Миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша ва доимо дар саргаҳи илму ихтироъкории башарият қарор дошт ва то замони дар мағзҳо ҷой гирифтани хурофот ин миллат садрнишин буд.
Вақте зулмҳои пай дар пай рӯҳи миллатро шикаст, вақте хурофот ба ҷойи илм мақом касб кард, нухбагони илму маърифати тоҷик оҳиста -оҳиста хор шудан ва мақоми хешро ба сиёҳҳо доданд ва ин то мусоидати Русияи подшоҳӣ дар асри пор идома пайдо кард.
Беҳтарин равшанфикрон, беҳтарин олимонро “сиёҳҳо” бо баҳонаҳои мухталифи хурофотӣ беқадр мекарданд ва ҳамин буд, ки ба ҷойи ҳарфи тоза, дидгоҳи солими илмӣ, ихтироъкорӣ фатвои “сиёҳҳо” дар мағзи ҷомеа ҷой гирифта буд. Ва ҳамин ҳолат миссияи инсониро аз одамҳо гирифта, онҳоро ба як асбоби хурофот табдил дода буд.
Ин ҳолат, яке аз ҳолатҳое буд, ки барои аз садр ба замин задани ҷамъият мусоидат кард.
Бале, хурофот ҳамаро ба сифр баробар мекунад.
Ва ҳамин идеологияи хурофотии “сиёҳҳо” буд, ки солҳои навадуми асри гузашта, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо айби фарзандони худ ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуд…
Дар матлаби мазкур як ҷойи аҷиб аст, ки муаллифи муҳтарам чунин овардааст:
“….Яке аз муовинони Вазири амнияти Тоҷикистон, ки дар сафи ҳайати Комиссияи оштии миллӣ буд, лаҳзаеро нақл мекард, ки собиқ журналисти номдори Иттиҳоди Шӯравӣ, ва соҳибқалами маъруф дар ғарибӣ, дар сари миз аз пеши яке аз саркардагони иттиҳоди мухолифин, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ буд, тез-тез резаҳои нон ва пасмондаҳои хӯроки ӯро ҷамъ намуда, табақчаҳои эшонро пок ва дам ба дам иваз мекард. Худ ғизо тановул наменамуд. Саропо дар хизмати он фурӯмоя қарор дошт..”
Муаллифи бисёр нуктасанҷ ва меҳандӯсту масъулиятшинос ин ҳолатро хуб шарҳу тавзеҳ додааст ва ҳатто дар муқоиса ҳам қарор додааст. Ҳадафи нависанда ва асари адабӣ ҳам ҳамин аст, ки инсон бояд ибрат гирад, омӯзад.
Аммо ин ҷо як масъала бисёр равшан мешавад, ки як журналисти маъруф дар хидмати душмани миллат гузаштаасту чоплусӣ мекунад. Табақу пасмондаҳои як “сиёҳ”ро тоза мекунад ва ҳамин ҳолат як ҳушдори бузург аст, ки барои ҷамъият дар шинохти “сиёҳҳо” ин чиз хеле мебошад. Ҳамин ҳолат муайян месозад, ки барои душманони миллат, махсусан сиёҳҳои сарсахт илм ва ҷомеа муҳим нест, як шахси машҳур, журналисти номдор фақат барои хидматгорӣ ба миз роҳ дода мешаваду халос. Ва ҳамин ҳолат бояд барои тамоми зиёиён дарс бошад, ки чӣ олим, чӣ нависанда, чӣ журналисТ, чӣ файласуф дар пеши “сиёҳҳо” ягон хел қадру қиммат надорад.
Сиёҳҳо фақат мақсади хоҷагонашонро амалӣ мекунанду халос ва онон ба мақому мартаба ва илму адаб коре надоранд!
Имрӯз ҳам душманони давлату миллат, ҳамон идомадиҳандагони кори “сиёҳҳо” барои фиреб додани ҷомеа, гумроҳ сохтани насли ҷавон ва фалаҷ гардонидани сохти давлатдорӣ бо амри хоҷагонашон ҳамарӯза бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори оммаи фоҳиш баромадҳо мекунанд, ҷангҳои иттилоотӣ мебаранд, таҳқиру туҳматномаҳо менависанд, наворҳои аблаҳона ба нашр мерасонанд, то ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд.
Агар аҳли зиё, хидматчиёни давлатӣ имрӯз бар зидди ин хоинони давлату миллат мубориза набаранд, воқеияти ҳоли он “сиёҳҳо”-ро бар ҷомеа бахусус насли ҷавон ошкор насозанд, пас хиёнате ҳам барои худ ва ҳам барои давлату миллат мекунанд!
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки хидмат ба давлату миллат намоем ва баҳри пешрафти ватани азизамон саҳми арзишманди хешро гузорем. Дар ҳифзи арзишҳои миллӣ пешсаф бошем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар гирди Роҳбари давлат ҷамъ омада, хидмати содиқона анҷом бидиҳем.
Вазифаи ҳар як зиёӣ ин кушодани чашми халқ ва равшан намудани роҳи фардо мебошад!
Муҳаммад Саидов
меҳандӯст
*Сиёҳҳо- инҳо нафарони гумроҳгаштаи виҷдонфурӯхтае мебошанд, ки дар хидмати марказҳои истихборотии хориҷӣ қарор доранду бо истифода аз номи дин бозиҳои сиёсӣ бурда, мақсадҳои душманонаро бар алайҳи давлату миллат анҷом медиҳанд. Сиёҳҳо хоинон ва ваҳобиҳои террорист мебошанд, ки бо номҳои мухталиф имрӯз арзи ҳастӣ доранд.
