ҶАМЪБАСТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони донишкада маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳа баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти нуҳмоҳа, нақшаҳо, амалишавии барномаҳо, ҳамкориҳо ва стратегияҳо сухан ронда, изҳор дошт, ки дар иҷрои ҳар як рисолат мо бояд масъулиятшинос бошем ва суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар тарбияи фарзанди мардум содиқ бошем. Моро зарур аст, ки мутахассисони варзидаи соҳаро омода намоем, то дар рушди ватани азизамон Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Мавсуф изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз корхонаи истеҳсолӣ зиёд аст ва мо бояд мутахассисони кордон, меҳандӯсту меҳнатдӯстро тарбия намоем…
Ҳамчунин, дар ҷаласа муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат оид ба самти таълим, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон оид ба самти илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент Мирзозода Воҳидҷон оид ба самти тарбия аз фаъолияти нуҳмоҳа ҳисобот доданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба муовинон ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва талошҳои пайваста барои рушди донишкада изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилоромхон оид ба ҳолати кор, интизоми меҳнат, фаъолияти кормандони муштараквазифа, ҳимояи ҳуқуқи кормандон ва ҷалби мутахассисони ҷавон ва ояндасоз ҳисобот дод.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилоромхон ҷиҳати фаъолияти пурсамар, назорати доимии корбарӣ, риояи интизоми меҳнат ва рушди касбият, тарбияи насли ҷавон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки кори сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилоромхон беҳтарин аст ва муаллима дар ҳуҷҷатгузорӣ, пешбурди кори раёсат беҳтарин мутахассис ҳастанд.
Ҳамчунин, дар маҷлис пешниҳоду дархости кормандон шунида шуд ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки мо бояд барои ояндаи дурахшон ва рушди донишкада дар ҳамҷоягӣ фаъолият барем.
Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, ки яке аз олимони барҷаста ва муваффақ аст ба деканҳои факултетҳо, ба профессор Умарҷонов Абдусафо, ба сардори шуъбаи иттилоот, ба мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон барои фаъолияти пурсамар ва бенуқсон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳайати профессорию омӯзгорӣ сипос гуфта, аз тамоми омӯзгорон даъват ба амал овард, ки содиқона фаъолият баранд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов