ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соланаи Донишкада дар соли 2025  ва вазифагузориҳо барои соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ ректори донишкада доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети металлургия Собирова Шукринисо ва  роҳбарони сохтору шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва  омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.

Ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастовардҳои соли 2025, ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва аҳли илму маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, тарбия ва омода намудани омӯзгорони ҷавон суханронӣ намуда, барои соли 2026 ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳо, иҷрои низомномаву барномаҳои давлатӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон, ҳамкорӣ бо донишгуҳу донишкадаҳои байналмилалӣ, таъсиси озмоишгоҳи наву замонавӣ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани маоши кормандону омӯзгорон, таҷлили 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, амалӣ намудани Стратегияи рушди Донишкада вазифагузориҳо намуд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи раёсати таълим аз ҷониби сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил шунида шуд. Таъкид карда шуд, ки назар ба соли гузашта нишондиҳандаи сифати таҳсилот баланд гардида, дар соли 2025 зиёда аз 432 маротиба дарсҳои кушод гузаронида шуд ва 30 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаштанд.

Баъдан, ҳисоботи сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза шунида шуд. Мавсуф таъкид намуд, ки аз ҷониби омӯзгорон зиёда аз 517 мақолаи илмии байналмилалӣ  ба нашр расонида шуд. Гуфта шуд, ки дар соли 2025 дар Донишкада 7 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин, ҳисоботи раёсати тарбия аз ҷониби сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём шунида шуд. Қайд карда шуд, ки дар соли 2025 фаъолияти раёсати тарбия дар сатҳи нав ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳисоботӣ сардори шуъбаи қисми маъмурӣ хоҷагидорӣ Азизов Қурбон, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором шунида шуд.

Зимни шунидани ҳисобот аз раёсат, шуъбаву сохторҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҳар як сардори бахш, шуъба, деканҳо, мудирони кафедра ҳолати кор, камбудиҳоро пурсида, изҳор доштанд, ки ҳар мушкиле доред ба ман муроҷиат намоед, ман дар хидмати Шумо ҳастам! Ман ин ҷо ҳастам, ки тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намуда, барои рушди Донишкада тамоми талошамро намоям.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар соли 2025 изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд намуданд, ки мо бояд бо дилу нияти пок барои ободиву осудагии Ватан ва шарафмандии фарзандони Тоҷикистон хидмат намоем ва ҳамчун зиёӣ саҳми арзандаи хешро дар ташаккули ҷомеаи пешрафта гузорем.

Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати ҷалби лоиҳаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ дар Донишкада бояд гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, баҳри забономӯзии донишҷӯён курсҳои махсус дар назди факултетҳо таъсис дода шавад. 

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов