ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШКАДА БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, ҷаласаи навбатии раёсати Донишкада, зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рӯзномаи маҷлис, масъалаҳои баррасишаванда ва нақша-чорабиниҳои корӣ суханронӣ намуд. Мавсуф, изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ғамхории махсус зоҳир менамоянд ва ҳамаи моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо бояд содиқона хидмат намоем ва мутахассисони варзидаро омода кунем. Имрӯз, соҳаи саноати кишвар ба мутахассисони варзида ниёз дорад ва вазифаи мо ин пеш аз ҳама таъмин намудани соҳа бо мутахассисони меҳнатдӯст ва донишманд мебошад.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчунин, роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, табодули таҷриба бо шарикони хориҷӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, густариши равобити байналмиллалӣ, риояи интизоми меҳнат, зиёд намудани корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо марказҳои пажуҳишии байналмилалӣ суханронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯза, ҳисоботи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ва муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон шунида шуд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов