Имрӯз, тибқи дастуру супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар толори Шурои олимон муовини аввали ректори донишкада, яке аз олимони ҷавон ва меҳандӯст дотсент Давлатзода Давлат ҷиҳати андешидани тадбирҳо баҳри рушди донишкада, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ, таъсиси комиссияҳои дохилиидоравӣ, таъмиру таҷдиди озмоишгоҳҳо, сафарбарнамоии донишҷӯён ба курсҳои масхуси тахассусӣ, таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба раванди таълим, таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба навиштани дастуру адабиёти таълимӣ, таъсиси комиссия оид ба омӯзиши таҷрибаи донишгоҳҳои пешқадами кишварҳои хориҷӣ, баргузории симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ҷоннок намудани кори таълим ва барқарор намудани равобит бо донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо ҷаласа баргузор намуд.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, котиби раёсат Ҷалолова Зӯҳрохон, сардори раёсати таълим Осими Оқил ва деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.
Муовини аввали ректор Давалтзода Давлат масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор дошт, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчун роҳбари созанда ва омӯзгори асил, яке аз олимони сермаҳсул ва ояндабин мехоҳанд, як силсила навгониҳоро ба хотири пешрафт ва рушди донишкада дар амал татбиқ намоянд ва ҷиҳати амри ин кор машварат ва саҳми ҳар як омӯзгор муҳим мебошад.
Зимни баргузории ҷаласа, омӯзгорон андешаҳои хешро иброз дошта, қайд намуданд, ки баҳри рушди донишкада, амалӣ намудани мақсадҳои воло саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар фарҷом Давлатзода Давлат ба аҳли нишаст изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид намуд, ки дар ин шабу рӯз мо бояд бештар барои рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа кӯшиш намоем.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов