Ҷаласаи профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав

Имрӯз, ҷаласаи назоратии ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ширкати муовинон, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо дар факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав баргузор гардид.

Ҷаласаро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  ҷоннок намудани корҳои илмӣ, сафарбар намудани омӯзгорони ҷавон барои такмили ихтисос ба кишварҳои Русия, Амрико ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, бурдани корҳои ташвиқотӣ, ҷалби бурсияҳо барои амалӣ намудани корҳои илмӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии ҷавонон сухан ронда, таъкид намуд, ки мо бояд барои саноатикунонии босуръати кишвар, расидан ба дараҷаҳои баланди рушд,  мутахассисонро дар сатҳи баланд ва рабоқатпазир дар бозори меҳнат омода намоем. Имрӯз, мо бо зиёда аз 75 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорем, ки лек ин шумора бояд зиёд карда шавад. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имкони омода намудани беҳтарин мутахассисонро дорад ва барои ин тамоми шароит ҳаст. Бояд содиқона кор кунем, донишҷӯёни меҳнатдӯсту меҳандӯстро тарбия намоем.

Ҳамзамон, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки мо имрӯз тамоми шароитро барои факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав фароҳам овардем ва бояд устодони ин факултет барои омода намудани мутахассисони варзида ва муосир кӯшиш ба харҷ бидиҳанд. Мо, талошҳои декани ҷавонро мушоҳида менамоем, вале ин кам аст, садорати факелтети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав бояд барномаҳои муосир ба монанди  ELSA Speak, Hopper, Murf,  Jasper ва Otter.ai,  созанд, молу маҳсулоти сохтаи худро ба бозори ҷаҳонӣ бароранд. Зеро имрӯз беҳтарин мутахассисонро мо омода намудем ва бояд инҳо кор кунанд, зеҳни сунъиро дар амал татбиқ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд ва имрӯз бинои садорати факултет бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ  расман ба истифода дода шуд, ки ба ин муносибат ҷаласаи раёсат дар он ҷо баргузор карда шуд.

Ректори Донишкада ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ ба садорат ва аҳли кормандони факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав барору муваффақият ва дар иҷрои рисолати бузурги тарбия комгорӣ таманно намуданд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов