ҶАЛАСАИ МУОВИНИ РЕКТОР ОИД БА ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ РАҲИМОВА ШАҲНОЗАХОН БО МУДИРОНИ КАФЕДРАҲО

Имрӯз, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон бо мудирони кафедраҳо ҷаласа баргузор намуд.

Дар ҷаласа масъалаи баланд бардоштани мақоми донишкада, зиёд намудани нишондиҳандаҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо донишкадаи илмии байналмилалӣ, тавсеаи кори озмоишгоҳҳо, ҳамкории илмӣ бо корхонаҳои саноатӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмиллалӣ, сафарбар намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ, ширкати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ширкати олимон дар сабқатҳои илмии байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муфиди илмӣ, ҷалби грантҳо ва бурсияҳо барои татбиқи илм дар истеҳсолотро муовини ректор оид 

ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон баррасӣ намуда, ба мудирони кафедраҳо супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки имкониятҳои илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хеле фаровон буда, ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот ва ҷори намудани навгониҳо дар соҳаи саноат басандагӣ мекунад.

Шуъбаи иттилоот

📝М. Саидов