Имрӯз, тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ширкати намояндагон ва фаъолони сохтори тарбия ҷаласа баргузор намуда, роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, муаррифии муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо бо шахсиятҳои ватандӯсту хештаншинос, фаҳмонидани моҳияти истиқлолу озодӣ, баргузории чорабиниҳои ватандӯстона, дастгирии донишҷӯёни ятими кулл ва нимятим, пешгирии шомилшавии донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии амалҳои хурофотпарастона, баргузории дарсҳои тарбиявӣ бо ширкати ходимони намоёни дин сухан ронда, таъкид намуд, ки мо бояд барои баланд бардоштани маърифати донишҷӯён, тарғиби илму дониш ва манфиати омӯзиш, огоҳ намудани онон аз ҳар гуна ҳаракатҳои тундхӯ ва ифротӣ, зарару зиёнӣ хурофотпарастӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар шароити кунунӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мизозода Воҳид, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз ва муовинони деканҳои чор факултет оид ба тарбия, мутахассисони сохтори тарбия ширкат намуданд.
Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки мо бояд барои ҷавонон тамоми шароитро фароҳам оварем ва ононро бо роҳи дуруст раҳнамоӣ намоем. Чунки вазифаи мо ҳам омода намудани мутахассис ва ҳам сохтани инсони комил ва масъулиятшиносу меҳандӯст мебошад.
Шуъбаи иттилоот
