
Имрӯз тибқи супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ширкати деканҳо ва кормандони Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ҷаласаи фаврӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа Давлатзода Давлат бо сарпарастони факултетҳо ва кормандони марказ оид ба баланд бардоштани сифати таълим, оид ба вусъати корҳои бунёдкорӣ, оид ба бурдани назорати доимии донишҷӯён, оид ба гузаронидани семинару конференсияҳо баҳри хештаншиносӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳӣ сухан ронда, иброз дошт, ки масъалаҳои мазкур бояд фаврӣ амалӣ карда шавад.
Дар ҷаласа декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин, декани факултети металлургия Содирова Шукриниссо, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, кормандони Марказ Саидов Асомиддин ва Иноятова Гулрухсор ширкат намуда, оид ба ҳама масъалаҳои баррасишаванда изҳори андеша намуданд.
Дар интиҳо муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба ҳозирин супориш дод, ки фаврӣ ба ҳама муроҷиати донишҷуён посух бидиҳанд, дар ҳама ҳолат барои фароҳам овардани шароит ба раёсати таълим муроҷиат намоянд.
М. Саидов
Шуъбаи иттилоот