Имрӯз дар синфхонаи 318-и факултети металлургия тибқи дастури раёсати донишкада ҷаласаи навбатии декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукриниссо бо мураббиёни гурӯҳҳои академӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз садорати факултети металлургия иттилоъ доданд.
Ҷаласаро декани факултети металлургия бонуи фаъол ва зани ҳалиму хоксор дотсент Собирова Шукриниссо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти тарбия ва ба камол расонидани насли ҷавон дар шароити муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳолатпеша, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ, баланд бардоштани завқу салиқаи донишомӯзӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки донишкада на танҳо маркази таълим, балки муассисаи ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон низ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ шахсияти инсон ба таври комил ташаккул меёбад ва мавқеи хешро муайян месозад…
Декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукриниссо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои вобаста ба ҷалби фаъоли донишҷӯён ба раванди донишандӯзӣ, фаъолона ширкат намудан ба дарсҳо, риояи низоми дохилидонишкадавӣ, риояи одобу ахлоқ сухан ронда, тақвияти робитаи мураббиёни гурӯҳ бо волидайни донишҷӯёнро муҳим ва фаврӣ арзёбӣ намуд. Зимни баргузории ҷаласа бо омӯзгорон ва мураббиёни гурӯҳҳо масъалаҳои зерин матраҳ карда шуд:
-истифодаи оқилонаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
-роҳандозии гуфтугӯҳои даврӣ бо донишҷӯёни гурӯҳ оид ба зарурати ҳузур дар дарсҳо;
-ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар давраҳои истеҳсолӣ ва маҳфилҳои фаннӣ;
-тақвияти ҳамкорӣ бо волидон ва истифодаи шабакаҳои муосири иртиботӣ барои огоҳ намудани онон аз вазъи таҳсилии фарзандон;
-гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа, хатмкунандагон ва корфармоён;
Дар интиҳои ҷаласа, ба мураббиёни гурӯҳҳои академӣ дастур дода шуд, ки доир ба иҷрои пешниҳодҳои мазкур нақшаи корӣ таҳия намуда, натиҷаҳои амалишударо дар ҷаласаи навбатӣ пешниҳоди садорати факултет намоянд.
Шуъбаи иттилоот

