Ҳофизаи таърихӣ асоси рушди тафаккури миллӣ

Қабл аз ҳама бояд ба инобат гирифт, ки рушди тафаккури миллӣ, андешаи миллӣ, ғурури миллӣ пеш аз ҳама аз донистани таърихи бою пурғановати миллат сарчашма мегирад.  Донистани таърих инсонро ба ояндаи нек ва ҳифзи арзишҳо ва дар шахсият гардидани он мусоидат мекунад. Таърих сабақ медиҳад, то бар он нигариста ояндаро бисозем. насле, ки ҳофизаи таърихӣ надорад, ояндаи дур надорад. 

    Мусаллам аст, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки фарзандонаш соҳиби ҳофизаи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ дошта бошанд. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила боз ҳам дар он зарур аст, ки мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигоҳ дорем. Маълум аст, ки рӯз аз рӯз таҳоҷуми идеологияҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ноором гузошта, таъсири манфии худро дар қишрҳои гуногуни башарият гузошта истодааст. Ин гуна ҷараён моро водор месозад, ки ба дарку маънии аслии мафҳумҳои худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ватанпарстӣ, дӯст доштани марзу буми худ, эҳтиром ва бузургдошти арзишҳои маънавию миллӣ бирасем ва чунин арзишҳои ба хубӣ бишносем. Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем. Танҳо ин гуна муносибат метавонад моро ба осоишу якдигарфаҳмӣ ва меҳнати бошарафу дастовардҳои беназири мардуми кишвар муваффақ гардонад.

         Вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ  тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба ба анҷом бирасонем. Ҳоло ҷомеаи моро зарур аст, ки бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти фарзандон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Ин ҳолат, имкон медиҳад, ки фарзандон зираку ҳушёр меҳнатдӯсту меҳандӯст ба воя расанд ва барои пешрафти меҳан саҳм гузоранд. Ин гуна насл, метавонад барои пешрафти ҷомеа саҳми арзишманд гузораду ба доми гумроҳон наафтад. Тафаккури солим ҷомеаро рушд медиҳад.

Собирова Шукриниссо

омӯзгори ДКМТ