Ҳамоиши илмӣ дар ДКМТ: Паём роҳнамо ба сӯйи фардо

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Паём роҳнамо ба сӯйи фардо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ва дигар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни фаъол ширкат намуданд.

Ҳамоишро мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Донишкада Бобоева Парвинахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсади баргузории ҳамоиш, барномаи амалӣ ва маърузаҳои ироашаванда ва нақши Паёми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми занон сухан ронд.

Сипас, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзуи “Баррасии самтҳои саноати маъдан, металлургия, зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутхассисони баланди соҳа дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” маъруза намуда, роҷеъ ба нуктаҳои муҳим ва бисёр ҳам таъсирбахши он андеша ронда, иброздошт, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масоили муҳим ва калидӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, перомуни рушди иқтисоди рақамӣ, баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, тарбияи мутахассисони варзида, тараққӣ додани иқтисоди «сабз», истифодаи энергияи «сабз», расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, технологияҳои муосир дар истеҳсолот, зеҳни сунъӣ, захираи сарватҳои табиӣ, дастгирии соҳибкорон, додани имтиёзҳо ва барои тақвияти корҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуданд. 

Сарвари давлат оид ба саноатикунонии ҷумҳурӣ низ сухан ронда, рушди босуръати саноатикунонии мамлакатро тақозои рӯз номиданд.

Дар ҳақиқат саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриамонро аз бисёр ҷиҳат ба давлати воридкунандаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Аз ҷониби дигар, ба ин восита ҷойи нави кор пайдо шуда, шароити зиндагӣ боз ҳам беҳтар мегардад, ки ин бар нафъи шаҳрвандон мебошад…

Ҳамчунин, дар ҳамоиши имрӯза, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳмадалӣ дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои рушди устувори давлат ва ҷомеа”, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, дотсент Мирбобоев Шуҳрат дар мавзуи “Рушди зеҳни сунъӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон”, ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Когай Карина дар мавзуи “Маориф аз самтҳои асосӣ” ва муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия Бақоев Беҳзод дар мавзуи “Нақши Паёми Пешвои миллат дар рушди соҳаи саноат” маъруза намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба муовинон, деканҳо ва маърузакунандагон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки омӯзиши нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, дар амал татбиқ намудани он ҳадафҳои бузург вазифаи ҳар яки мот омӯзгорон мебошад. Зеро мо аҳли зиё бояд барои рушди ватани азизамон, баланд бардоштани мақоми шаҳрванд дар ҷомеа ва сатҳу сифати маориф саҳми асосӣ гузорему сидқан фаъолият барем.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов