ҲАМОИШИ БОШУКӮҲ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДА

Дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон муҳтарам Бобоев Маҳмадалӣ, муовинони ректор, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ҳамоиши бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Парчам дар давлатдорӣ, таърихи давлатдории тоҷикон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳмадалӣ, муовини декани факултети электромеханика оид ба илм ва инноватсия Холова Фахринисо маъруза намуданд.
Ҳамчунин, дар қисмати дуюми ҳамоиши бошукӯҳ ба як қатор омӯзгорону кормандони фаъол аз ҷумла ба Раҳимзода Ҳаёт ва Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, ба мутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ҷабборова Мавзуна, муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои илм ва инноватсия Холова Фахринисо, сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Ҳаитова Фирӯзахон, омӯзгори кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Давлатов Хайриддин Сипосномаи раёсати Донишкада ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.
Дар ин қисмат аз ҷониби ансамбли “Ҷилои ёқут”-и Донишкада барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳо ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба раёсати тарбия ҷиҳати баргузории ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов