
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол зери сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати муҳими стратегӣ дар минтақа табдил ёфт. Ва ин албатта ба имиҷи кишвар ва ҷомеа низ таъсири мусбати худро гузошт. Дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва дар ҳалли бӯҳронҳои глобалӣ пешгом шинохта шуд. Ва ин натиҷаи сиёсати оқилонаву башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини мустақилият сиёсати дарҳои бозро пеша карда, бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Арманистон ва соири давлатҳои дӯст, муносибатҳои дӯстонаву бародаронаро ба роҳ мондааст, ки ин аз эътимод ва дипломатияи волои давлатдории Сарвари хирадманди кишвар шаҳодат медиҳад. Санаи 9-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ +Русия” баргузор гардид. Дар ҳамоиш сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, аз ҷумла Президенти Федератсияи Русия ҷаноби Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд. Ин ҳамоиш, ки ҳамзамон бо сафари давлатии Президенти Русия ба Тоҷикистон баргузор гардид, рамзи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамбастагии стратегӣ миёни кишварҳои минтақа гардид. Сафари ҷаноби Владимир Путин ба сарзамини муқаддаси Тоҷикистон нишонаи равшани иродаи сиёсӣ барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди устувори минтақа мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия дар мулоқоти сатҳи олӣ масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуда, аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки Тоҷикистон ва Русия ҳамчун шарикони боэътимод дар соҳаҳои энергетика, маориф, амният ва иқтисод ҳамкории босамар доранд. Сарони дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ дар суханрониҳои худ нақши Тоҷикистонро дар таҳкими субот, пешбурди ҳамкории минтақавӣ ва ташаббусҳои сулҳомез баланд арзёбӣ карданд. Президенти Ҷумҳурии ҷаноби Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев афзуд, ки “Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи худ ба ҳамбастагии минтақавӣ такони воқеӣ бахшид”. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии об ва энергетика барои тамоми минтақа намунаи ибрат аст. Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов низ ба нақши Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ ва эҷоди муҳити ҳамкорӣ миёни кишварҳои бародар таъкид карданд. Ҳамоиш нишон дод, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодии минтақа нақши калидӣ мебозад. Сарони давлатҳо зарурати тақвияти робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, ҷустуҷӯи лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши ҳамкории иқтисодиро таъкид намуданд. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамзамон, масъалаҳои амният ва суботи минтақа, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ, ҳамкории амниятӣ ва муҳоҷиратӣ барои сулҳи устувор аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар ҳамоиши мазкур ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ низ ҷойгоҳи хос дошт. Сарони давлатҳо зарурати густариши барномаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳангро таъкид намуда, аз нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои фарҳангии мардумон ситоиш карданд. Дар анҷоми ҳамоиш, Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши Осиёи Марказӣ +Русия ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025–2027 ба имзо расиданд, ки самтҳои нави ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян месозанд. Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи дигар сарони давлатҳо исбот намуданд, ки ҳамкории созанда ва дӯстонаи кишварҳо омили сулҳ, субот ва пешрафти воқеии минтақа мебошад. Дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир, чунин ҳамбастагӣ барои таъмини амният, рушди устувор ва таҳкими дӯстии халқҳо аҳамияти бузург дорад.
Зеро маҳз, дипломатияи воло, дӯстии абадӣ, ҳамкории доимӣ, равобити хӯби дӯстона, муносибатҳои созанда, дар ҳалли мушкилоти байни давлатҳо заминаи бузург мегузорад. Дӯстиву бародарии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ дошта, марҳила ба марҳила дар шароити муосир рушд кардаистодааст.
Ва ҳамаи ин талошҳо, нишастҳо, гуфтушунидҳо дар сатҳи баланд байни кишварҳои минтақа боис мегардад, то мушкилоти мавҷуда дар самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳангу иҷтимоиёт, маориф ва тандурустӣ, мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро ёбад ва кишварҳо рушд ёбанд.
Қайд намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипҳои сиёсати дарҳои боз амал намуда, ҳамеша хостори сулҳу пешрафти кишварҳои дӯсту бародар мебошад.
Собирова Шукриниссо
бонуи фаъоли донишкада, декани факултети металлургия