Имрӯз, намояндаи бонки “Арванд” ба Донишкада ташриф оварда, ҷиҳати ҳамкорӣ бо кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия бо масъулон мулоқот намуд. Намояндаи бонкро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ва декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо қабул намуда, роҷеъ ба барнома ҳамкорӣ, имкониятҳои кафедра ва идомаи ҳамкориҳо дар самти муайян суҳбат намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар омода намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.
Таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа доимо омода аст, то бо ширкатҳои мухталифи ватанӣ ҳамкорияшро ба роҳ монад.
Феълан, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 73 корхонаи саноатӣ ва ширкатҳои гуногуни ватанӣ ҳамкорӣ менамояд, ки ин ҳамкориҳо барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа мусоидат менамояд.
Шуъбаи иттилоот
