Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо, густариши равобити илм бо истеҳсолот, тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарии Донишкада Раҳимзода Ҳаёт бо директори генералии ширкати мазкур ҷаноби Гуо Чин Чянг мулоқот намуд.
Дар мулоқоти як ба як ҷонибҳо масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва истеҳсолиро мавриди баррасӣ қарор дода, пайваст намудани илм бо истеҳсолот, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷалби мутахассисони истеҳсолот ба раванди таълим, инчунин роҳандозии корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотиро баррасӣ намуданд.
Роҳбарияти ширкати мазкур дар ин мулоқот омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд ва дарозмуддат изҳор намуд.
Қайд гардид, ки корхонаи мазкур яке аз корхонаҳои муҳими саноатии кишвар ба ҳисоб рафта, истеҳсоли қалъагиро дар шаҳри Панҷакент ба роҳ мондааст ва дар рушди соҳаи кӯҳию металлургии мамлакат саҳми назаррас мегузорад.
Гуфта шуд, ки ширкати “Броадтек Таджикистан майнинг инвестмент лимитед” дар назар дорад, ки дар солҳои минбаъда то 500 нафар мутахассисонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд, ки ин иқдом баҳри беҳтар гардидани таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои соҳибтахассус мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии факултети металлургия яке аз кафедраҳои пешқадами Донишкада буда, дар назди 6 корхонаи саноатӣ филиали худро дорад, ки дарсҳои амалии донишҷӯён тибқи низоми дуалии таълим дар ин корхонаҳо баргузор карда мешавад.

