Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Донишкада бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар мулоқот ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, директори Парки технологӣ профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Ахмедова Гулшан ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин Юань Чуньтянь муовини сардори раёсати идоракунии лоиҳаҳои неруи ҳастаии Корпоратсияи миллии технологияи ҳастаии Чин, Гу Пин мушовири техникии Корпоратсияи миллии технологияи ҳастаии Ҷумҳурии мардумии Чин, Хуан Минжуй президенти ширкати Шанхай оид ба энергияи таҷдидпазири “Хунжун” Сун Даман директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ ва дигарон ширкат намуданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмононро хуш қабул намуда, аз ҳамкорӣ ва бастани шартномаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф, изҳор дошт, ки зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон мо ҳам бо ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси принсипҳои дӯстиву бародарӣ, манфиатҳои муштарак ва риояи адолату ҳамдигарфаҳмӣ ҳамкорӣ менамоем ва аз ташрифи меҳмонони воломақом хушнуд ҳастем.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои тарафайн, таъсиси марказҳои омӯзишӣ, ифтитоҳи озмоишгоҳи таълимии соҳавӣ, омода намудани мутахассисони лаёқатманд, бунёди маркази истеҳсолӣ- омӯзишӣ ва табодули таҷриба сухан ронда, идомаи ҳамкорӣ ва расидан дар муваффақиятро аз афзалиятҳои аслӣ арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо донишгоҳу донишкадаҳо, ширкатҳои тиҷоративу истеҳсолӣ ва марказҳои пажуҳишии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории зич дошта, ҳа меша хостори тавсеаи равобит бо тамоми ширкату муассисаҳои ҳамсон мебошад.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов



