Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” магистранти кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ, олими ҷавон ва умедбахш Қозизода Муҳсинро барои талоши доимӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ, хониши хубу аъло, ширкат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ миннатдории самимии ҳайати профессорию омӯзгориро ба эҳтироми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро иброз намуда, изҳор дошт, ки боиси шарафмандӣ ва хушҳолист, ки роҳбарияти Вазорат нисбати ҳар ,ки омӯзгор ва донишҷӯву магистрантон бетараф нестанду доимо дастгирӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Қозизода Муҳсин аз магистрантони фаъол ва пешқадам буда, дар чорабиниҳои илмӣ ва тарбиявӣ фаъолона ширкат менамояд.
Шуъбаи иттилоот
