Қабули шаҳрванд аз ҷониби ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар қабули шаҳрвандон тибқи анъана ва тартиботи мавҷуда сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умарова Назокатро  қабул намуд.

Дар қабули шаҳрвандон ҳамроҳи ректори Донишкада  сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором ва  сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижахон ширкат намуданданд. 

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи шаҳрвандро пурсида, тибқи муқаррароти мавҷуда ба масъулин дастур дод, ки масъалаи муроҷиати Умарова Назокатро дар кӯтоҳтарин фурсат баррасӣ намуда, посухи қонунӣ бидиҳанд.

Ба шаҳрванд фаҳмонида шуд, ки муроҷиати ӯ ҷиҳати идомаи таҳсили фарзандаш дастгирӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон сурат мегирад ва шаҳрвандон метавонанд, ба тариқи номнавис ба қабули ректор ҳозир шаванд.

Шуъбаи умумӣ