Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар қабули шаҳрвандон тибқи анъана ва тартиботи мавҷуда сокини шаҳри Бӯстон Каримов Каримро қабул намуд.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамроҳи ректори Донишкада муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, коргузори раёсати таълим Сафарзода Муллоохун ва сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижахон ширкат намуданданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи шаҳрвандро пурсида, тибқи муқаррароти мавҷуда ба масъулин дастур дод, ки масъалаи муроҷиати Каримов Карим дар кӯтоҳтарин фурсат баррасӣ гардида, посухи қонунӣ дода шавад.
Ба шаҳрванд фаҳмонида шуд, ки муроҷиати ӯ ҷиҳати идомаи таҳсили фарзандаш дастгирӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон сурат мегирад ва шаҳрвандон метавонанд, ба тариқи номнавис ба қабули ректор ҳозир шаванд.
Шуъбаи иттилоот
