Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки дар он муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Манижа Домуллоева ширкат намуда, муроҷиати шаҳрванд Сатторов Парвизро, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, баррасӣ намуданд.
Зимни баррасӣ аризаи шаҳрванд Сатторов П. ба масъулин тавсия дода шуд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда, талаботи шаҳрванд қонеъ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон тибқи ҷадвал ба роҳ монда шудааст ва шаҳрвандон метавонанд, тариқи муроҷиат ба шуъбаи умумӣ ва назорат худро сабти ном намоянд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов
