
Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ва мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳро шаҳрвандонро қабул намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Ҳабибова Зеборо қабул намуда, арзашро пурсид. Шаҳрванд Ҳабибова З. сокини шаҳри Бӯстон буда, мехост дар донишкада минҳайси омӯзгор ба кор ояд.
Аз ҷониби роҳбарияти донишкада арзи шаҳрванд пурсида шуд ва аризааш барои бозбиниву баррасӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсус пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад ва шаҳрвандон метавонанд бо тариқи номнавис ба шуъбаи умумӣ муроҷиат намоянд.
Шуъбаи иттилоот