Таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба шахсияти нодиру тавоно, абармарди арсаи нангу номус, тоҷики асил ва хирадманди фазилатманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо, хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои бақои давлати тоҷикон, барои дубора эҳёи давлатдорӣ ва саодати миллат ҳаргиз фаромӯш карда наметавонем. Зеро маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир тоҷикро муаррифӣ ва давлати тоҷиконро дубора эҳё карданд.
Барои Тоҷикистони нав истиқлол касб намуда ва дар арсаи бӯҳрон печида, шахсияти мисли Эмомалӣ Раҳмон зарур буд, ки ин тифли навро тарбият кунад, парасторӣ намояду ба воя бирасонад. Далели бе баҳс аст, ки даҳаи аввали истиқлоли давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик мушкилиҳо дошт, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақсимшавии элита ба қисматҳо, дарки нодуруст аз истиқлоли давлатӣ аз мушкилоте буданд, ки таъсири манфӣ бар ин даҳа гузошт. Хушбахтона, бо зуҳури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати Тоҷикистон вазъ комилан тағйир ёфт. Роҳбари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нукта гузоранду давлатро наҷот бидиҳанд ва миллатро саодат бахшанд. Ин саодат ва ин сулҳ миллатро барои ҳамеша бар хушбахтӣ расонид. Ва ин ваъдаи як абармади арсаи сиёсат мебошад. Зеро дар рӯзҳои нахустини қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чунин ваъда дода буданд: «Ман кори худро аз барқарор намудани сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдҳастам. Мо бояд дар бобати ба эътидол овардани вазъият якдил бошем. Ман ҳам дар ин роҳ он чи аз дастам ояд, иҷро мекунам».
Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ваъдае, ки дода буданд, он мақсаде, ки гузошта буданд, он ҳадафе, ки дар пеш гирифта буданд, он роҳе, ки интихоб намуда буданд барои саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон иҷро карданд. Тоҷикистонро ба як биҳишт табдил доданд. Тоҷикистонро обод кардан ва беҳтарин шароитро барои миллат фароҳам оварданд. Давлати миллии тоҷиконро бунёд карданд, ки ин ҳам хидмати бузурги ин абармарди арсаи сиёсат мебошад.Таваҷҷуҳи махсусро Сарвари давлат ба соҳаи маориф бахшиданд ва давра ба давра барои рушди ин соҳа талош намуданд. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаву ғаихоронаи ин абармарди арсаи сиёсат агар дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 мактаби олӣ вуҷуд дошт, имрӯз шумораи он ба 48 адад расидааст, ки ин аз талаботи замон ва ғамхории он кас бар насли ҷавон шаҳодат медиҳад.
Давра ба давра зиёд намудани маоши кормандони соҳаи маориф махсусан омӯзгорон аз аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 маротиба зиёд карда шудааст, ки ин ҳам далели маорифпарвари асил, роҳбари хирадманду покзамир ва саодатсозӣ миллат будани ин фарзанди фарзонаи миллат Сарвари маҳбуби кишвар мебошад…
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли масоили дохилии кишвар боз барои дар сатҳи байналмиллалӣ пайдо намудани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила корҳои назаррасро анҷом доданд, ки ин ҳам барои ҳалли масоили глобалӣ мусоидат менамояд ва аз ҷониби дигар исбот мекунад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон аз он аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвари маҳбуби хеш нисбати тақдири башар бетараф нестанд.
Минҷумла, ташаббуси нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, ин кишварҳоро дар ҳалли як масъалаи мубрами рӯз сарҷамъ намуд.
— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон намуд;
— Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бинобар Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти асноди 67/204, ки муаллифаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мебошанд, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд.
— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд.
—Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Ҳамзамон, 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ва ин ҳама ташаббусҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати тақдири насли башар бетараф нестанду барои оромишу суботи сайёра ҷаҳд менамоянд ва ин ҳам аз инсонияти баланди он кас шаҳодат медиҳад.
Дар ин авохир тақсим ва ҳадяи китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони кишвар бори дигар аз хиради воло ва дилсӯзиву миллатсозии ин абармарди арсаи сиёсат шаҳодат медиҳад.
Шоири ватансаро ва адиби барҷастаи тоҷик перомуни сулҳовариву саодатоварӣ, миллатдӯстиву инсондӯстӣ ва покзамириву нексириштии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст:
“…Ва мо мебинем, ки имрӯз ҳам паёми сулҳу дӯстии Пешвои миллати мо дар ҳолаи накҳати обҳои тозаи Тоҷикистон, бо ҳама шаффофии ташнагишикани обҳои зулол, рӯдҳову чашмасори шодоби кишварамон, бо лафзи биҳиштии тоҷикияшон, бо ниҳоди ҳамшабеҳи обшори поки кишвар ба дилҳо ва ҷонҳои ташнаи мардуми олам мерезад, сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ меорад.
САВГАНД
Нури Ҳақ дар дидаҳо буд,Амри Эзад раҳнамо буд,Дар Хуҷанди бостон, дар қасри Арбоб
Бахти тоҷик рӯи дастони Худо буд.
Дар Хуҷанди бостон, дар қасри АрбобҚомате мардона боло шуд,Чун муҳаббат аз сиришти халқ эҳдо шуд!
Аз дилу аз ҷони мардум хест!Покрӯву тоза аз виҷдони мардум хест!Аз таассуб, аз фиреб, аз макр, аз ғафлат раҳо шуд.
Аз сиришти халқ, аз дарду алам бархост,Дар лабаш пайки адолат бо қасам бархост.
Нурафшону дурахшонҚоматаш омад буруназ зулмати сад асри зиллат,
Аз сари ҷабру ситамҳо,Аз тани кину аламҳо,Аз хусумат, аз ҷаҳолат,Аз сари сад гуна иллат…
Ин ҳазоронсола армон буд,Бонги нанг, овои имон буд!Дар раги ҳар вожаву ҳар ҳарф
Хуни гарми миллату меҳан намоён буд!Вожа дил буд, вожа ҷон буд, вожа виҷдон буд!..
Ҳарф-ҳарфи ин қасам он рӯзДар радифи партави номи Худованд,Дар радифи покии шири сафеди модари ҷон,Дар радифи хайрафшони дуои пирамардон,Дар радифи ҳасрату уммеди ин халқи ба армонПартавафшон буд!
Исми Ҳақ бар он ҷилои осмонӣ дод,Шири модар бо сафедияш амонӣ дод,Шуд муқаддас ин қасам аз файзи обу хоки меҳан,Болу пар додаш дуои халқ дар афлоки меҳан!
Ин қасам чун сеҳр, чун дасти раҳо омад,Бовари мо, ишқи мо, армони мо омад,Ҷони мо бар ҷони мо омад,З-осмонҳо ин нидо омад:Пешво омад!
Ҳамчу Зардушти навин аз ҷой хест,Офтобе дар ҷабин аз ҷой хест,Покрӯву нозанин аз ҷой хест!
То ки моро бозгардонад ба асли хештан,То ки баргардонад аз нав асли моро бар Ватан:Рӯдакиро, Бӯалиро, Мавлавиро… боз орад,Бар Ватан базми нишот, оҳанги чангу соз орад ,То ки эҳёи навин бахшад ба Наврӯзи аҷам,То дирафши ковиёниро баланд афрошта,Боз биншонад ба тахти салтанат лафзи дариро,Тоҷикистонро кунад боғи биҳишт,То ки аз баъди ҳазору анд сол Миллати моро бурун орад зи ҳабси сарнавишт.
Боз гардонад ба тоҷик тоҷи шаъну шони ӯро,Ҷони ӯ, имони ӯ, эҳсони ӯро!..
Дар лабаш савганди Меҳан хест! Бар дифои меҳанаш фарзанди Меҳан хест!
Ҳамраҳи ӯ миллати тоҷик ҳамаякҷону яктан хест!”
Воқеан ҳам формулаи сулҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳёи дубораи давлату миллат, наҷоти давлати тоҷикон, зинда намудани унсурҳои фарҳангӣ, талошҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аз иқдомҳои нодири Роҳбари хирадманду хирадсолори тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тоҷику тоҷикистониро водор месозад, то бо сари баланд ва мардонагии воло ба Президент сипос бигӯяду миннатпазирӣ намояд.
Қадршиносӣ аз хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин арҷгузорӣ ба эҳёгари Тоҷикистон ва меъмори сулҳу субот дар ҷаҳони муосир мебошад!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод!
Давлатзода Давлат
муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
