Ин шабу рӯз ҳамаи ҳамватанони азизу арҷмандамон дар кишвар ва берун аз он ҷашни бисёр ҳам муқаддас—Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯзҳои хос дар тақвими миллати сарбаланди тоҷик мебошад ва таҷлил аз ин рӯз ин ёдоварӣ аз институти президентӣ ва хидматҳои роҳбари давлат мебошад. Зеро бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид гардид.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз маҳбубтарин ва беназиртарин шахсияти сиёсӣ ва наҷотбахши давлати миллии тоҷикон дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон шинохта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди содиқ ва ҷонфидои халқ шинохта шуда, дар дилу дидаи миллат ҷойгоҳ дорад. Ин абармарди арсаи сиёсатро ҳамчун Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мешиносанду ном мебаранд ва ин эътирофи тамоми тоҷикистониён мебошад, ки хидматҳои Сарвари маҳбуби кишварро қадр намуда, бо чунин унвонҳо ёд мекунанд.
Воқеан ҳам Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ нақши ҳалкунанда доранд.
Қайд намудан лозим аст, ки баъди аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлол намудани Тоҷикистон кишвар бо мушкилоти бузург рӯбарӯ гардид — низоъҳои дохилӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таназзули сохторҳои давлатӣ, фалаҷ гардидани чархаи иқтисодӣ, фирори мутахассисони соҳа. Ана дар чунин як шароити вазнин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, ҳамчун раҳбари оқилу хирадманд ва кордону тадбирандеш Тоҷикистонро аз нобудӣ наҷот доданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ҷавону умедбахши тоҷикон стратегияи барқарорсозӣ ва бунёдкорӣ, рушди давлати миллиро пеш гирифтанд.
Дар давраи бисёр ҳам ҳамос, ки давраи бунёдии давлати тоҷикон ёдоварӣ мешавад таҳким додани институти президентӣ ва таъсиси системаҳои маъмурӣ ва амниятӣ аҳамияти бисёр ҳам калон дошт.
Дар он солҳо ҳамон гуна, ки муаррихон қайд мекунанд, Сарвари хирадманди кишвар ҳалли масъалаҳои муҳимеро барои рушди давлат ба роҳ монд: барқароркунии мақомот, таъсиси артиш ва нерӯҳои сарҳадбонӣ, ба кор баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони дохилии кишвар ва таъмин намудани онҳо бо манзил ва маводи ғизоӣ…
Барои эҳёи дубораи давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари дилсӯз ва ҷонфидо лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ амалӣ шуданд: барқарор кардани корхонаҳо, рушд додани кишоварзӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ ва инфрасохтор.
Ӯ стратегияҳои мубориза бо камбизоатиро таҳия кард, ҳимояи қишрҳои ниёздоштаи ҷомеа ва ҷалби мардум ба иштироки фаъол дар идоракунии давлатро таъмин намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки масъалаи мавқеи миллат ва фарҳанги миллӣ низ дар сиёсати ӯ ҳассос буда, эҳё ва таҷлил намудани анъанаҳои миллӣ, ҷашнҳои бузурги миллӣ ва мероси фарҳангӣ барои ӯ хеле муҳим буданд ва бисёр анъанаҳо аз нав эҳё карда шуданд
Зери роҳбарии Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи баланд дошта, шинохти бузургеро касб намудааст:
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори башардӯст ташаббусҳои байналмилалиро пайгирӣ намуда, барои ҳифзи насли башар чандин масъалаҳоро низ дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ намудаанд, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳои минтақавӣ.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳбари сулҳовар ва ғамхори насли башар мешиносанд.
Маҳз, зери роҳбарии ин абармарди арсаи сиёсат муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодие бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон эҷод шудааст, ки ба рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи он дар арсаи байналмилалӣ ӣ мусоидат намудааст, ки дар ин самт нақши Роҳбари давлат хеле муассир мебошад.
Ташаккули институти давлатдории миллӣ: Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъсиси сохторҳои сиёсӣ, амниятӣ ва маъмурӣ ва қабул намудани рамзҳои давлатӣ (парчам, нишони миллӣ, низомҳои давлатӣ) пояи давлатдории миллиро асос гузоштаанд.
Нақш ва ҷойгоҳи Роҳбари хирадманди давлат дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонии масоили обу иқлим, таҳкими сулҳ симои давлат ва миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ намудаву амалан мавқеи Тоҷикистонро устувор гардонидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллӣ, фарҳангии тоҷиконро бо сиёсати давлатдорӣ ҳамоҳанг сохта, эҳёи фарҳанги таърихӣ ва анъанаҳои миллиро тақвият бахшиданд.
Таъкид намудан зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон на танҳо раҳбари сиёсӣ, ки истиқлолиятро таҳким бахшиданд, балки асосгузори давлати миллӣ ва сиёсати устувор мебошанд.
Хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз миллат ба саодат расида, Тоҷикистон дар роҳи муввафақи тараққиёт пешрафт дорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод!
Мирзозода Воҳидҷон
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
