Мусаллам аст, ки ҳар як қавму миллат бо доштиани ҷашнҳои миллӣ, сунату анъанаҳои худ дар ҷаҳон шуҳрат пайдо менамояд ва миллати сарбаланду шарафманди тоҷик низ бо як қатор ҷашну анъана, одот ва таомулҳои хеш дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Яке аз ҷашнҳои қадимиву миллии мо ин ҷашни Наврӯз аст. Ҷашни Наврӯз яке аз пурмаънотарин меросҳои фарҳангии миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тамаддуни ориёист, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо дар шаклгирии худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагии мардумон нақши муҳим бозидааст. Дар давраи на он қадар дури мозӣ, бо вуҷуди он ки ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни мардумӣ пурра аз зеҳну қалби тоҷикон рехта нашуда буд, аммо дар сатҳи расмӣ маҳдуд ва ё ба канор ронда мешуд ва имкони зуҳури пурра ҳамчун ойини миллӣ, ҷашни аҷдодӣ надошт. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз на танҳо эҳё, балки ба як рамзи муҳимми худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва сарҷамъиву ҳамдилӣ эътирофи байналмилалӣ пайдо намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому маснад ва манзалати ҷашни Наврӯз ва рисолати таърихии он бисёр баҳои баланд медиҳанд. Ҳамон гуна, ки дар ҷое чунин таъкид сохта буданд «мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад».
Ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҳаёти нав, сафҳаи нав, рӯзгори нав, оғози баҳор, арҷгузорӣ ба меҳнат, покизагӣ, бахшоиш ва сулҳ аз замонҳои бостон дар сарзамини Тоҷикистони имрӯза ва қаламрави тамаддуни ориёӣ таҷлил карда мешуд. Дар тӯли асрҳо, сарфи назар аз истилову қудратофариниҳои ақвоми гуногун, ин ҷашн симои мардумии худро ҳифз кард ва дар шеъру адаб, афсона, ривоёт ва урфу одатҳои хонаводагӣ зинда монд. Бо вуҷуди ин, дар давраҳои муайян – махсусан дар нимаи дуюми асри XX – Наврӯз чун ҷашни «қадимӣ», «динӣ» ва ё «миллитар» баъзан дар канор монда, ба таври пурра дар фазои расмӣ зоҳир намегардид. Ва ин ҳолат боис гардид, ки қисме аз маросим, ойинҳои рамзӣ, номҳои таърихӣ ва анъанаҳои марбут ба Наврӯз то андозае аз нигоҳи расмӣ камранг шаванд. Бо вуҷуди ин, мардум ҷашни Наврӯзро дар маҳдудияти хонаводагӣ, маҳфилҳои маҳаллӣ ва сатҳи маҳаллаҳо ҳифз мекарданд. Яъне, метавон гуфт, ки ҷашни Наврӯз дар қалбу зеҳни мардум зиндагӣ мекард, аммо барои зуҳури комили худ ба як шароити нав – ба фазои истиқлол ва сиёсати рӯшанбинонаву солим ниёз дошт. Дар он давра ба ҷашни миллии тоҷикон-Наврӯз диди гарм ва нияти нек надоштанд.
Маҳз ҳамин гуна муносибат ва бархӯрд, давлати тоза истиқлолкасбнамуда ва роҳбарияти ҷавони онро водор месохт, ки дар эҳё ва расмӣ гардонидани ҷашни Наврӯз аҳамияти махсус бидиҳанд. Истиқлолят аз беҳтарин неъмат аст ва ҳамин мустақилият бароямон имкон фароҳам овард, ки барои сохтани давлати миллӣ ва эҳёи ҷашну идҳои миллӣ гоми устувор бардорем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ибтидои солҳои 90‑уми асри гузашта, вақте Ҷумҳурии Тоҷикистон бо буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ буд ва дар бисёр масъала таваҷҷуҳ фармудан ва амалӣ намудани мақсадҳои миллӣ хеле мушкил буд. Вале, масъалаи ҳифз ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ барои мо бидуни такя ба фарҳанги миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихӣ имконнопазир буд. Маҳз дар ҳамин давра шахсияти фарҳангдӯсту башардӯст, фарзонафарзанди миллати тоҷик, наҷотбахши давлати тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварии давлатро ба ӯҳда гирифта, сиёсати хешро бар асоси се сутуни муҳим – сулҳ, ваҳдати миллӣ ва эҳёи мероси фарҳангӣ идома доданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои нахустини худ таъкид менамуданд, ки миллат бе худшиносӣ ва бе пайванди устувор бо таърих, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои худ наметавонад дар арсаи ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо созад. Дар ин замина, эҳё ва расмӣ намудани ҷашнҳои миллӣ ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада – на танҳо як иқдоми рамзӣ, балки қисми ҷудонашавандаи сиёсати фарҳангии давлати навбунёди тоҷикон гардид.
Ҷашни Наврӯз аз дидгоҳи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҷашни анъанавии баҳор, балки мактаби тарбияи маънавӣ, омили ваҳдат, заминаи густариши худшиносии миллӣ, сароғози дӯстиву рафоқат, манбаи меҳру вафо, неру барои ҳаёти нав ва имконияти муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ва н ташаббуси Роҳбари хирадманди кишвар имконият дод, ки ҷашни Наврӯз ба тадриҷ аз қолаби маҳдуди ҷашни хонаводагӣ хориҷ гардида, ба ҷашни умумидавлатӣ, баъдан минтақавӣ ва ниҳоят ҷаҳонӣ табдил биёбад.
Алабба, набояд аз ҳақ гузашт ва бояд ошкоро ва мардона иброз дошт, ки яке аз қадамҳои нахустин, ки дар он нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ буд, ин эҳё ва ба сатҳи давлатию расмӣ баровардани таҷлили ҷашни Наврӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо қарорҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили ҷашни Наврӯз ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллӣ табдил дода шуд, яъне барои баргузории чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ, омодасозии барномаҳои фарҳангӣ, озмунҳо, намоишҳо ва таҷлили бошукӯҳ дар пойтахт ва вилоятҳо заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилию молиявӣ фароҳам оварда шуд.
Ин нуктаро бояд таъкид намуд, ки хусусияти муҳими таҷлили ин ҷашн дар он аст, ки ҷашни Наврӯз дар сиёсати давлатӣ танҳо «таътил» ё «рӯзҳои истироҳатӣ» нест, балки бо муҳтавои маърифатӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ пурра мешавад:
- Баргузории фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалии Наврӯз.
- Бозсозӣ ва эҳёи баъзе аз ойинҳои суннатии наврӯзӣ (суманакпазӣ, меҳмоннавозӣ, чорабиниҳои варзишиву ҳунарӣ).
- Ҷалби фаъолонаи ҷавонон, донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли илму адаб ба барномаҳои Наврӯз.
- Пайвастани таҷлили Наврӯз бо рӯзҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои созандагӣ ва амсоли он.
- Ҳолпурсӣ ва аёдати собиқадорону барҷомондагон ва ғайра…
Ҳамасола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳамватанонамонро ба фарорасии ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, дар он Наврӯзро бо мафҳумҳои сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ, созандагӣ, меҳнат, худшиносӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба гузашта пайванд медиҳанд. Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки ҷомеа ҷашни Наврӯзро на танҳо ҳамчун як «иду баҳонаи фароғат» , балки ҳамчун як мактаби зиндаи ахлоқӣ ва маънавӣ қабул созад.
Бо шарофати сиёсати фарҳандӯстонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун ватани Наврӯз шинохта мешавад. Ҳамин аст, ки шоир чунин фармудааст:
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ!
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар,
Рӯи Наврӯз расад аз ҳама дар,
Ҳама дар пираҳани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Ном Наврӯзу насаб Наврӯз аст,
Исми ҳар бахтталаб Наврӯз аст,
Фасли армоншикани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан,
Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Ба муродаш ҳама дилдода расад,
Ҳамаро бахти худодода расад,
Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Қайд намудан зарур аст, ки қадами сарнавиштсоз дар таърихи муосири Наврӯз он буд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн ба сатҳи байналмилалӣ баромад. Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии як қатор кишварҳои дигар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эътирофи Рӯзи байналмилалии Наврӯз (санаи 21-уми март) қабул гардид.
Эй дӯст муждагонӣ Наврӯз шуд, ҷаҳонӣ,
Эй ҳамдиёри ҷонӣ Наврӯз шуд ҷаҳонӣ.
Ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҷашни миллии тоҷиконро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард, балки бар мақоми Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори муҳими фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ мақоми нав бахшид. Ҷашни Наврӯз, ки дар тӯли асрҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар паҳн гардида буд, акнун чун мероси муштараки башарӣ ва рамзи дӯстиву ҳамзистии осоишта шинохта шуд, ки дар ин амали бузург хидмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад.
Бо амалӣ гардидани ин ташаббусҳои Сарвари хирадманди давлат ҷашни Наврӯз дар сиёсат ва зиндагии фарҳангии мардуми Тоҷикистон симои нав гирифт. Имрӯз, таҷлили ҷашни Наврӯз дар кишвар бо чанд вижагии муҳим тавсиф мешавад:
- Он ба унвони рамзи эҳёи миллӣ ва пайванди мантиқӣ бо таъриху тамаддуни ниёгон пазируфта шудааст.
- Наврӯз ба арзишҳои худшиносӣ, ифтихор аз гузашта, эҳтироми забони модарӣ, адаб ва суннатҳои мардумӣ пайваст мешавад.
- Ҷомеа Наврӯзро ҳамчун иди умумимиллӣ – берун аз доираи эҳсосҳои динӣ, қавмӣ ва табақавӣ – дарк мекунад.
- Ҷомеа Наврӯзро ҳамчун пайвандгар ва ҷашни бахшоиш мешиносанд.
Яке аз рукнҳои таҷлили ин ҷашни миллӣ ин шарҳу тавзеҳи фалсафаи он дар миёни ҷомеа мебошад ва мардум чунин маънидод менамоянд, ки Наврӯз ҷашнест, ки дар он мардум аз анъанаи бахшоиш, оштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба калонсолон, дастгирии ниёзмандон ва ҳамкории байни қишрҳои гуногун ба таври рӯшан сабақ мегиранд ва ба наслҳои баъдӣ низ ин анъанаро тавзеҳ медиҳанд.
Аз ин рӯ, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯз танҳо дар баровардани он ба сатҳи байналмилалӣ ё ташкил кардани ҷашнҳо маҳдуд намешавад, балки ин нақш пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷашни Наврӯз ба унвони омили муассири тарбияи маънавӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа дониста мешаваду муаррифӣ гардид. Бо шарофати ин абармард рисолати аслии ҷашни Наврӯз амалӣ карда шуд.
Сиёсати фарҳангпарварона ва башардӯстонае, ки тавассути ташаббуси Наврӯзи байналмилалӣ ифода шудааст, ба ҷаҳон паёми муҳим мефиристад, яъне миллати сарбаланди тоҷик ва давлати Тоҷикистон ҷонибдори сулҳ, ҳамзистии осоишта, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва арзишҳои умумибашарист. Ҷашни Наврӯз дар ин замина чун «забони умумӣ» хизмат мекунад – забоне, ки тавассути он мафҳумҳои дӯстӣ, муҳаббат, ободонӣ, меҳнат, некӣ, бахшоиш, сулҳу ваҳдат ва эҳтиром ба табиат ифода карда мешаванд. Ин сиёсати сулҳдӯстонаи Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои пуртазоди ҷаҳони муосир, ки бархе аз минтақаҳо аз низоъ, ифротгароӣ, нажодпарастӣ ва бархӯрди манфиатҳо ранҷ мекашанд, аҳамияти махсус дорад. Ҷашни Наврӯз бо руҳи худ – яъне руҳи эҳёи зиндагӣ, сулҳ ва дӯстӣ – метавонад ба як намунаи муфиди фарҳанги сулҳталабӣ ва таҳаммулпазирӣ барои олам хидмат намояд.
Набояд фаромӯш сохт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, таҷрибаи сулҳсозӣ, ваҳдатофаринӣ ва фарҳанги дӯстиву меҳмоннавозии худро ба дигарон низ омӯзонаду тақсим созад. Наврӯз ҳамчун як платформаи фарҳангӣ ва дипломатӣ ба ин раванд мусоидат кардааст, яъне боис гардидааст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ба унвони кишвари дорои мероси ғании фарҳангӣ ва сиёсати сулҳҷӯёна шинохта шавад.
Дар умум, метавон гуфт, ки дар марҳилаи нави таърихи давлатдории миллии тоҷикон, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ҷаҳонӣ гардидани ҷашни Наврӯз ҳалкунанда ва бениҳоят бузург мебошад.
Эҳёи Наврӯз, бо чунин миқёс ва шукӯҳ, дар худ на танҳо барқарор кардани як ойини кӯҳан, балки сохтани пояҳои нави худшиносии миллӣ, тақвияти ваҳдат ва беҳтар гардондани симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро таҷассум менамояд. Аз ҳамин ҷост, ки мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки Наврӯз дар даврони мустақилияти кишвар, ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва ба ҳадди ҷашни умумибашарӣ расид. Яъне, паёми миллати тоҷик, паёми Наврӯз бо ташаббуси Сарвари хирадманду оқил ва наҷотбахши тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳхоҳиву башардӯстӣ ба ҷаҳониён расид, ба дили аҳли олам роҳ ёфт.
Давлат ДАВЛАТЗОДА
муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
