Эмомалӣ Раҳмон, ин ном имрўз вирди забони мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон аст. Вирди забони хурду бузурги миллат аст, мардум бо эҳтиром фарзандонашонро бо ин ном номгузорӣ менамоянд, зеро, ки ин шахсро дўст медоранд, эътиқод доранд. Эътиқод, ихлос доштан ба як инсон, ба як шахсият ҳамон вақте ба амал меояд, агар мо худамон худшиносу худогоҳ бошем. Мафҳуми шинохти инсонро, моҳияту мазмуни онро ба таври воқеӣ дарк карда тавонем.
Хушбахтона имрўз мардуми кишвари мо мазмун ва моҳияти ин мафҳумро ба хуби дарк кардаанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси шахсияти бузурги миллат, Пешвои муаззами миллат ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори бузурги аср, қаҳрамони миллат эътироф шудаанд. Чунин эқтиқоду эътироф ба шахсият на ба ҳар инсон муяссар мегардад. Зеро ба боварии халқу миллат сазовор шудан корест басо мушкил, роҳест пурпечутоб. Ин шоҳроҳи мураккабро танҳо шахсе сарбаландона тай менамояд, ки ҷасорат дорад, бо иродаи қавӣ бо қавлу амали худ устувор аст, дили бузурги саршор аз меҳру муҳаббат ба ватан ба халқ дорад ва дар маҷмуъ инсони худодод аст. Пешвои муаззами миллатамон маҳз аз зумраи шахсиятҳое ҳастанд, ки Худованд чунин сифатҳоро насибашон гардонидааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сол аз сол ободу зебо мегардад. Хуршеди истиқлол 34 сол инҷониб дар фазои кишвари азизамон нурафшонӣ намуда, имрӯзу фардои миллати куҳанбунёдамонро мунаввар мегардонад.
Бо шарофати Истиқлолият ва бо роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо роҳи мустақили пешрафти сиёсӣ иқтисодиву иҷтимоиро пеш гирифта, нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста боло меравад. Маҳз файзу баракати Истиқлолият аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти камуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба комёбиҳо ноил гашта, ҳадафи чоруми мамлакат, саноатикунонии босуръати кишварро сармашқи кори худ намудем.
Саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатмадори бузурги аср, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибори тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ ва аз бумбасти комуникатсионӣ баромадани кишвар басо бузург мебошад. Боиси сарфарозӣ ва сарбаландиаст, ки мо ба асри 21 бо шахсияте рубару шудем, ки ном ва кори он кас дар ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳу амонӣ, рамзи адолату ҳақиқат ва рамзи ватанпарастӣ, созандагию бунёдкорӣ сабти таърих гаштааст.
Барҳақ, ин шахс миллатро аз парокандагӣ ва кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонда наҷот бахшиданд. Пас аз он бо хоксорӣ, бо хиради азалӣ ва бо ифтихор иброз доштанд, ки “Ин бузургтарин дастовардҳо, пеш аз ҳама, хизмати бузурги мардуми солору сарбаланд ва хирадманди тоҷик аст”.
Мо бояд шукрона кунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи XVI-Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯро интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ авалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.
Ҳамзамон, дар он вазъи басо мураккаби кишвар пиру барнои кишвар дасти дуо бармедоштанд, ки Худо ҳифзаш бинамояду ёриаш бидиҳад, то ин оташи фурӯзони ҷангро хомӯш бисозад, миллати парокандаро ҷамъ биёварад.
Пешвои миллат ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб медонистанд, ки дар он рӯзгори фоҷиабору вазнин чӣ масъулиятеро ба зимма гирифтаанд. Натанҳо ба зимма гирифтаанд, балки савганд ёд карданд. Бешак ҳеҷ нафаре, ҷуз он кас чунин роҳеро интихоб намекард ва агар ҳам интихоб менамуд, мумкин аст савганд намехӯрд.
Пешвои миллат он вақт гуфта буданд: “То дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам”. Зеро ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаашон бовар доштанд, дар ҳоле, ки ин бовар ҳама мардумро тарк карда буд.
Баъди солҳои мудҳиши ҷангӣ шаҳрвандӣ муддати 28 сол аст, ки мардуми кишварамон дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, ба меҳнати созандагию ободонӣ шукргузор аст. Бояд тазаккур дод, ки Ваҳдати миллӣ, созишномаи сулҳи тоҷикон аҳмияти бузурги минтақавӣ ва байналхалқӣ дошт. Аҳамимияти минтақавии ин созишнома дар он буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷумҳурии Осиёи Марказӣ паҳн нагардид ва дар минтақа фазои сулҳу субот пойдор гардид. Аҳмияти байналхалқии созишнома ба он маъно буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз тарафи Созмони Миллали муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти таърихии созишномаи сулҳи тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки “Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини Сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфӯз аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъабинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид”.
Санаи 16 – ноябр дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи ифтитоҳи чархи якуми Нерӯгоҳи Барқии обии Роғун бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозиаст, ки гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи якуми Нерӯгоҳи Барқии обии Роғун санаҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар робитаи пайвандӣ доранд.
Бояд тазаккур дод, ки санаи 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархи якӯми Нерӯгоҳи Барқии обии Роғун ба кор дароварда шуд.
Дар бораи аҳамияти тахрихӣ – стратегии Нерӯгоҳи Барқии обии Роғун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуда иброз намуданд, ки иншооти номбурда, барои зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзаву ояндаи кишвар ҳамчун манбаи нуру равшанӣ хизмат хоҳад кард.
Хулоса: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеъаи Тоҷикистон буда, мо ҷавонон шукр аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ менамоем, ки ҳамаи ин самараи меҳнатҳои шабонарўзии Пешвои миллатамон ва мардуми сарбаланди кишвар мебошад.
Бояд қайд намуд, ки андар ситоиш ва шинохти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳон ва устодони сухан, шоирону адибони сатҳи ҷаҳонидошта, суханҳо ва ҳикматҳои зиёде гуфтананд.
Нависандаи бузург Чингиз Айтматов дар ситоиши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ гардонид. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рўзгори одамон ўро ба мақому манзалати олӣ овардааст.» (Пешвои муаззами мо. Хуҷанд -2018, саҳ 20.)
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зурур аст, ки дар атрофи ин суханони ҳикматомези нависандаи бузург андеша намуда, бояд бигуем: Аз ин марди худо шукрона бояд кард.
Кӯҳи Ватанам буи гули тар дорад,
Ҳар кӯҳӣ Ватан зиёи модар дорад.
Шукрона кунем, ки Тоҷикистони азиз,
Монанди Ҷаноби олӣ сарвар дорад.
Муслимзода Хайём
мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
