Имрӯзҳо мо ҷавонони хушбахту хуштолеъ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда истодаем. Мо дар Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бо шарофати Пешвои муаззами миллат ободу зебо гаштааст, умр ба сар бурда истодаем. Шукрона аз он мекунем, ки чунин як Ватани биҳиштосо дорем.
Ин ободиву озодӣ ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро бо ҷоннисоркуниҳо ва аз ҷонгузаркуниҳои Пешвои миллат ба даст омадааст. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Халқи тоҷик пас аз садсолаҳо ба орзуи деринаи худ расиду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардид. Санаи 6 – уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он ватани моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифи намуд. Пули миллӣ, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ, таъсиси чандин мактабҳои олӣ ва муассисаҳои азим ва амсоли инҳо низ дар заминаи Истиқлолият ба мамлакати мо муяссар гардиданд. Истиқлолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда ҷилои тоза бахшид. Ҳамчун давлати Соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳила ба марҳила афзуда истодааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбарии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтанд, ки дар кишвар сохти конститутсионӣ комилан барҳам хӯрда ҷанги шадиди дохилӣ ҷараён дошт. Тоҷикистон ҳамчун давлат дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 150-ҳазор нафар кушта, 1млн нафар гуреза, 55-ҳазор кӯдак ятим, 25-ҳазор зан бесаробон, 30-ҳазор хонаи истиқоматӣ валангор ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардида буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар 10миллиард доллар зиён овард ва Тоҷикистонро даҳсолаҳо ба ақиб партофта буд. Мардуми он замон бо садои тир аз хоб бар мехестан ва он рӯзро бо тарсу ҳарос сипарӣ менамуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон хитоб намуданд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам ва ҳамзамон иброз доштанд, ки то охирон гурезаро ба Ватан барнагардонам худамро осуда ҳис намекунам». Ин марди бузург ба қавли худ содиқ монда ба Ватани худ сулҳу ваҳдати миллиро армуғон оварданд.
Дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт сиёсатмадоре пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва нестшавии миллат наҷот диҳад. Вале ба майдони сиёсат фарзанди фарзонаи миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид гаштанд, ки армуғони сулҳро ба мардуми куҳанбунёди тоҷик тӯҳфа оварданд. Аввалин сухане, ки гуфтанд ин “Ман ба халқам сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам” буд. Коре карданд, ки ҷанги бародаркуш хотима ёфт, гурезаҳо баргаштанд, сулҳ пойдор шуд. Ҳаёти осоишта ҳукмрон шуд ва сипас барои хамаи сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Дар вақти қасамёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони мардумӣ, аъзои парламент, намояндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва ороми оғоз мекунам” ва ӯ ба ваъдаи худ вафо кард. Дар хақиқат Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон фаъолияти худро бо барқарории сулх дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.
Ба ҳамин хотир Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсоз буд. Ва тӯли чанд сол пас аз баргузории он исбот намуд, ки Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷиконро ба дурустӣ ҳал карда буд. Ба шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр ташкилотхои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии давлати сохибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт. Ва имрӯз мо бо фахр гуфта метавонем, ки мо ворисони Сомониёнем.
Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро хифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем.
Музаффариятҳои Истиқлолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Дар он замони тақдирсози халқи тоҷик интихоби Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон чун Сардори давлат аҳамияти бузург дошт. Мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарвари оқил, ҷасур, савобҷӯй, хирадманд ва маҳбуби худ шуданд. Ҳама фитнаю найранги душманони дохилию хориҷӣ дар бораи он, ки миллати тоҷик бе роҳбари оқил мемонанду давлати Тоҷикистон пош мехӯрад, барбод рафт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 -сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, хадафҳои сиёсии сулҳҷўёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дусту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
Таърих ҳар як аср муаррифгареро ба арсаи сиёсат меорад, ки ифтихори халқу миллат мегарданд. Чунин шахсони бузург боис мешаванд, ки дар саҳифаҳои таърих номи худ ва халқу миллати худро абадан бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд. Халқи бузург ва тамаддунофари тоҷик низ фарзона фарзандонеро дорост, ки дар арсаи ҷаҳон обруву эътибори беандоза дорад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат марҳила ба марҳила санаҳои бузурги таърихии миллат 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта шуд .
Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи башарӣ ва дар байни сиёсатмадорони машҳури ҷаҳон яке аз симоҳои барҷаста буда дар миқёси байналмилал мавқеи намоёнро ишғол менамоянд.
Таҳти роҳбарӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик пойдор асту устувор мемонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатори чунин шахсиятҳо шомил шуда, ҳамчун сиёсатмадори варзида, муаррифӣ шудаанд. Бо туфайли корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва амнияти комил умр ба сар мебаранд. Маҳз ин шахс бо заҳматҳои шабонарӯзаи худ тавонист истиқлолияти комили ватанро таъмин намуда, онро муаррифӣ ва халқи тоҷикро, ки парешонгашта буданд сарҷамъ намуд.
Имрӯз кишварамон – Тоҷикистон қадамҳо ва иқдомҳои устуворро пеш мемонаду туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдору устувор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд.
Бояд қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, дастгирии ҷавонон рӯз ба рӯз беҳтар гардида, дар ин самт ғамхориҳо ҳамарӯза эҳсос гардида истодаанд.
Пешвои ғамхору ҷавонпарварамон ҳангоми сафар ба ҳар як шаҳру ноҳия бо ҷавонон мулоқот намуда ҳарфи дили онҳоро гуш мекунанд. Барои ҷавонон тамоми имкониятҳои мусоидро фароҳам оварда истодаанд.
Бинобарин мо ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат бо шукргузорӣ аз амну осоиштагии кишвари азизамон, бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар Ватани маҳбубамон сидқан ва содиқона хизмат менамоем.
Насриддинов Шаҳбоз Амриллоевич
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
