
Бо мақсади таҳкими маърифати экологии хонандагон, ташаккули муносибати бошуурона нисбат ба муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шахсӣ дар ҳифзи табиат, дар Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон викторинаи тарбиявии экологӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист (5 июн) бахшида шуда, таҳти унвони «Эко-викторина» ҷараён гирифт.
Дар чорабинӣ 13 даста аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд, аз ҷумла:
6 даста аз шаҳри Истиклол,
4 даста аз ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
3 даста аз марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстон.
Озмун аз се бахши муҳими тарбиявӣ иборат буд:
- Қисмати муаррифии дастаҳо бо намоиши афкори экологии хонандагон,
- Саҳначаҳои тарбиявии экологӣ, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими ифлосшавии муҳити зист ва ҳифзи табиат инъикос ёфтанд,
- Даври капитанҳо, ки саволу ҷавобҳои марбут ба экологияро фаро мегирифт.
Дар озмуни мазкур баъди хулосаи ҳакамон ғолибон чунин муайян гардиданд:
Ҷойи якум – дастаи «Посбонони сабз» аз МТМУ №1, шаҳри Истиклол,
Ҷойи дуюм – дастаи «Посбонони сабз» аз МТМУ №20, ҷаиоати Ғозиён, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
Ҷойи сеюм – дастаи МТМУ №4, шаҳри Истиқлол.
Чорабинӣ бо дастгирии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят баргузор гардид.
Ташкили чунин чорабиниҳои тарбиявӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташаккули фарҳанги экологӣ, бедор намудани ҳисси худшиносии табиӣ ва тарбияи шахсияти масъулиятшинос нисбат ба табиат аҳамияти калон дошта, ҳамчун воситаи муассири тарбияи экологии хонандагон хизмат мекунад.
Ҳоҷибоев Д.Д.
Мудири кафедраи экология