Имрӯз, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олими ҷавон Раҳимзода Ҳаёт дар Конференсияи байналмилалии соли 2025 оид ба “ҳамкорӣ ва ҳамгироии саноат, маориф, таҳқиқот ва татбиқи металлургияи зеҳнӣ ва маводи пешрафта” дар шаҳри Чаншаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат намуда, маъруза намуд.
Тавре аз садорати факултети металлургия иттилоъ доданд, Конференсияи мазкур давоми се рӯз баргузор гардида, дар он доир ба масъалаи истеҳсоли металлҳои ранга бо истифода аз технологияи рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот ва истеҳсоли зиёд миёни олимони аз зиёда аз 54 кишвари ҷаҳон, ки дар он ҷо ширкат доранд, баҳсу баррасиҳо сурат мегирад.
Шуъбаи иттилоот


