Имрӯз, санаи 21-уми январи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он ба таври маҷозӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ва декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур “масъалаҳои муҳим, аз қабили баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, такмил ва навсозии муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва ба замони муосир мутобиқ намудани он, иҷрои пурраи Дастурамал оид ба таҳияи сарбории ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тақвияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисони варзидаи соҳаи электромезаника, металлургия, корҳои кӯҳӣ, мошинсозӣ, иқтисодиёт ва зеҳни сунъиро ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат омода менамояд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз сутунҳои асосии саноатикунонии босуръати кишвар дар замони ҳозир маҳсуб меёбад.
Шуъбаи иттилоот


