Имрӯз, яке аз олимони варзидаи соҳаи иқтисод, иқтисодшиноси варзида, роҳбари кордону тадбирандеш, шахсияти барӯманду нотакрор, олими сермаҳсул ва ватандӯст, шахсияти масъулиятшиносу покзамир, нафари поквиҷдону қавиирода, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар барномаи “Амният ва ҷомеа”-и телевизиони Суғд ширкат намуда, суханронӣ намуданд.
Ин навбат нашри махсуси барномаи “Амният ва ҷомеа”-и телевизиони Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид, ки дар он ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронии пурмӯҳтаво ва комилан илмӣ анҷом дода, таҳлилҳои илмӣ карда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлолият ва суботи комил дар кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

