ШИРКАТИ ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНИИ ДОНИШКАДА

Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуда, бо дасти худ чанд бех ниҳолӣ сояафкан ва ороишӣ дар боғи Донишкада шинонид.  Профессор Бахтиёр Маҳмадалиро дар ин маърака муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ва сардори қими хоҷагидорию маъмурӣ Азизов Қурбон ҳамроҳӣ намуданд. 

Маъракаи мазкур бахшида ба сазовор таҷлил намудани 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани  35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  роҳандозӣ карда шуд. Қарор аст, ки тибқи ин барнома дар Донишкада зиёда аз 1000 бех ниҳол ва дарахт шинонида шавад.

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ маъракаи мазкурро фоли нек дар арфаи таҷлил 20-солагии Донишкада арзёбӣ намуда, ба кормандони қисми маъмурию хоҷагидорӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамар изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Шуъбаи иттилоот