ШИРКАТИ МУОВИНИ АВВАЛИ РЕКТОР ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ ДАР ЧОРАБИНИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОХИ “СУРУШ”

Санаи 4-уми октябр муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар чорабинии бошукӯҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгор дар кохи “Суруш” баргузор гардид, ширкат намуд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар оғоз дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар ба маърази тамошо гузошта шуд ва пас аз суханронии расмии муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба як қатор ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ Диплом, Ифтихорнома, унвони “Аълочии маориф ва илм” ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ баҳри болидахотирии ширкаткунандагон аз ҷониби ҳунарпешаҳои машҳури ҷумҳурӣ барномаи рангини ҳунари манзур карда шуд.