Ширкати муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар дарси кушоди омӯзгор Ҳомидова Р.В.

Имрӯз дар синфхонаи 312 дарси кушоди омӯзгор Ҳомидова Р.В. аз фанни “Механикаи муҳандисӣ ва асосҳои лоиҳакашӣ” баргузор гардид. Дарси кушодро муаллима Ҳомидова Р.В. дар мавзуи “Плани шитоб. Сохтани плани шитоб, диаграммаи кинематикӣ” гузаштанд ва роҷеъ ба мавзуъ сухан ронда, ба донишҷӯён мавзуъро ташреҳ доданд.

Дар дарси кушоди омӯзгор Ҳомидова Р.В. ҳамзамон муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, мудири кафедараи фанҳои умумитехникӣ Воҳидов Аҳрор, омӯзгори кафедари забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Одинаев Ғаюр иштирок намуда, раванди дарсро назорат намуданд.

Дар интиҳои дарси кушод муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба муаллима Ҳоимидова Р.В. ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани дарси кушод изҳори миннатдорӣ баён намуд. Мавсуф иброз дошт, ки роҳбари донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ доим кӯшиш мекунанд, ки мо омӯзгорони собиқадор ва бомаҳоратро дастгирӣ намоем ва барои истифодаи зеҳниятҳо шароит фароҳам намоем. Аз ин лиҳоз аз мудири кафедра аз шумо муаллимаи арҷманд хоҳиш менамоем, ки шогирдонро омода намоед. Донишу малака ва маҳорати Шумо басанда аст, то шогирдони хуб тарбия ёбанд.

Ёдовар мешавем, ки дарси кушод ва ё дарсҳои намунавӣ тибқи нақшаи сохтори таълим ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов