ШИРКАТИ МУОВИНИ АВВАЛИ РЕКТОР ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМИИ МАРКАЗИ ИЛМИИ ХУҶАНДИ АМИТ

Имрӯз бо супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат дар конференсяи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик” ва ифтитоҳи ду озмоишгоҳи наву замонавӣ таҳти унвони «Биотехнология ва биофизика», «Физика ва нанотехнология», ки бо ширкати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон баргузор шуд, ширкат намуд.
Боиси хурсандист, ки дар ин чорабинии муҳими омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ҷуз муовини аввал боз олими ҷавон Ашӯров Хайриддин, устод Абдулҳамидов ва профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил низ ширкат намуданд.
Ҳоҷиев Саидмуқбил дастгоҳҳо ва таҷҳизоти озмоишгоҳро ба меҳмонони олиқадр муаррифӣ намуда, тарзи истифода ва фавоиди онро шарҳ дод.
Ёдовар мешавем, ки олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Маркази илмии Хуҷанд ҳамкории зич дошта, доимо барои рушди илми тоҷик талош менамоянд.
Шуъбаи иттилоот
🖋️М.Саидов