ШАҲРВАНД, БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА КОҒАЗҲОИ ҚИММАТНОК

Бозори меҳнат механизми мувофиқсозии манфиатҳои корфармоён ва қувваи корӣ мебошад. Дар ин бозор муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷустуҷӯ, пешниҳод ва истифодаи қувваи корӣ ба вуҷуд меоянд, ва шарту шароити кор, сатҳи музд ва талабот ба меҳнат муайян карда мешаванд. Бозори меҳнат танҳо дар робита бо дигар бозорҳо, ба монанди мол, пул, қарз ва сармоя фаъолият мекунад. Дар шароити Тоҷикистон ноустувории бозори мол, тағйири қурби асъор, инфлясия ва нархи қарзҳо ба фаъолияти сармоягузорӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ таъсир мерасонанд. Паст будани даромади аҳолӣ ба афзоиши иштироки фаъол дар бозори меҳнат ва сатҳи бекорӣ таъсир мерасонад.

Аз нуқтаи назар илмӣ, бозори меҳнатро метавон ба се равиш дид: назарияи марксистӣ, ки меҳнатро мол ва музди онро арзиши қувваи корӣ меномад; назарияи иқтисодии муосир, ки меҳнатро худи амал ва музди онро ҳамчун пули ба кори иҷрошуда ҳисоб мекунад; ва назари сеюм, ки бозори меҳнатро бозори захираҳои меҳнатӣ медонад, ки қувваи корӣ аз шахс ҷудо намешавад.

Хусусияти бозори меҳнат он аст, ки он бозори сармояи инсонӣ мебошад, давраи сармоягузорӣ ба он нисбат ба сармояи моддӣ тӯлонист ва натиҷаи он бо мурури замон афзоиш меёбад, гарчанде ки сармоягузорӣ хавфнок мебошад.

Субъектҳои бозор корфармоён, корҷӯён, иттиҳодияҳои онҳо ва давлат мебошанд. Дар Тоҷикистон корфармоёнро ширкатҳои давлатӣ, ҶДММ-ҳо, соҳибкорони инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил мекунанд. Бозори меҳнатро санадҳои ҳуқуқӣ, ба монанди Конститутсия, Кодекси меҳнат, қонунҳои “Дар бораи шуғл” ва “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ”, барномаҳои давлатӣ ва созишномаҳои коллективӣ танзим мекунанд.

Талабот ва пешниҳод ба меҳнат вобаста ба омилҳои демографӣ, сатҳи даромад, таҳсил ва малака, саломатӣ ва имкониятҳои шуғл мебошад. Пешниҳодро шахсони бекор, ҷустуҷӯкунандагони кор ва донишҷӯёне ташкил медиҳанд, ки мехоҳанд кор дар вақти холӣ анҷом диҳанд. Талабот аз ҳолати бозори молу хизматрасонӣ ва сатҳи технология ва рақобат вобаста аст. Соҳаҳои асосӣ, ки талаботро муайян мекунанд, сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, нақлиёт ва алоқа, кишоварзӣ, хизматрасониҳо ва соҳаҳои давлатӣ мебошанд.

Функсияҳои бозори меҳнат ба тақсимоти кадрҳо дар касбҳо, соҳаҳо ва минтақаҳо, фароҳам овардани маълумот, миёнравӣ байни корфармо ва корҷӯ, муайян кардани музди меҳнат, ҳавасмандсозӣ, оздоравӣ ва танзими бозор равона шудаанд.

Бозори коғазҳои қимматбаҳо қисмати бозори молиявӣ буда, амалиёти хариду фурӯши саҳмияҳо, облигацияҳо ва саҳмҳои фондҳоро дар бар мегирад. Он ба ташаккули нархгузории одилона ва ҳаракати самараноки сармоя мусоидат мекунад.

Функсияҳои асосӣ ин тақсимоти сармоя аз соҳибони ғайрифаъол ба фаъол ва тақсимоти хатар байни иштирокчиён мебошад. Нархи қимматбаҳо асосан аз талабот ва пешниҳод муайян мешавад.

Нақши бозори қимматбаҳо дар иқтисодиёт иборат аз ҷалби сармоя барои ширкатҳо, фурсат барои гирифтани даромад, тақсимоти хатар, муайян кардани нархи дороиҳо, сармоягузорӣ ва ҳифзи аз инфлятсия, назорат ва таъсир ба қарорҳои стратегӣ ва нишондиҳандаи рушди иқтисодӣ мебошад.

Иштирокчиёни бозор эмитентҳо (ширкатҳо ва ташкилотҳо), сармоягузорон, бонкҳо ва брокерҳо, регуляторҳо, агентии рейтинги молиявӣ ва фондҳои сармоягузорӣ мебошанд.

Бозори пулӣ бозоре мебошад, ки дар он пул ва воситаҳои қарзии кӯтоҳмуддат (аз як рӯз то як сол) харидору фурӯш мешаванд. Амалиёти қарзгирӣ ва қарздиҳӣ дар муддати кӯтоҳ сурат мегиранд, пул бо воситаҳои ликвидӣ иваз мешавад ва арзишаш бо суръати фоиз муайян мегардад. Ҳаҷми гардиши рӯзона бузург аст ва воситаҳо дар бозори берун аз биржа (OTC) ё бозори дуюм низ муомила мешаванд. Иштирокчиён метавонанд ҳамзамон қарздеҳ ва қарзгири бошанд.

Объектҳои бозор захираҳои пулӣ, аз ҷумла пул ва қимматбаҳои қарзии кӯтоҳмуддат мебошанд, ва субъектҳо давлат, ширкатҳо ва шахсони воқеӣ мебошанд. Ҳадафи бозор тақсимоти захираҳои пулӣ байни субъектҳо ва бахшҳои иқтисодӣ мебошад. Иштирокчиён ҳадафҳои худро тавассути гирифтани ё додани қарз, сармоягузорӣ дар муддати кӯтоҳ ва гирифтани комиссионӣ амалӣ мекунанд.

Абдуллоева Дилафрӯз Комилҷоновна

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии ДКМТ